Андре-Мари Ампер
Андре-Мари́ Ампе́р (фр. André-Marie Ampère; 20 январи 1775[3] — 10 июни 1836) — физикдон, риёзидон ва табиатшиноси бузурги фаронсавӣ, яке аз асосгузорони электродинамика, узви Академияи илмҳои Париж (1814).
фр. André-Marie Ampère | |
| |
Таърихи таваллуд | 20 январ 1775 |
Зодгоҳ | Лион, Королевство Франция |
Таърихи даргузашт | 10 июн 1836 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | Марсель, Королевство Франция |
Кишвар | Шаблон:Country data Королевство Франция |
Фазои илмӣ | физика, риёзиёт, кимиё, фалсафа |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Шогирдон | Jean Baptiste Firmin Demonferrand[d] |
Ҷоизаҳо | Шаблон:Кавалер ордена Почётного легиона |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАмпер дар шаҳри Лион ба дунё омадааст. Баъди вафоти падараш соли 1793, ӯ аввал ҳамчун репититори матаби политехникии Париж, баъд дар кафедраи физикаи Бурге буд ва соли 1805 дар кафедраи математикаи мактаби политехникии Париж ба кор даромад. Соли 1814 вай аъзои Академияи илмҳо интихоб шуд, ва соли 1824 соҳиби унвони профессори физикаи таҷрибавии Коллеҷ де Франс мегардад.
Ампер 10 июни соли 1836 дар шаҳри Марсел аз олам чашм пӯшид.
Тадқиқот
вироишТадқиқоти Ампер дар соҳаи математика ва назарияи эҳтимолият, татбиқи ҳисоби вариатсионӣ дар механика ва таҳлили математикӣ оид аст. Ампер соли 1820 қонуни таъсири мутақобилаи механикии ҷараёнҳо, қоидаи бо таъсири ҷараён самти худро дигар кардани ақрабаки магнитиро кашф намуд (ниг. Қоидаи Ампер) ва бори аввал назарияи магнетизмро пешниҳод кард. Дар соҳаи таъсири магнит ва ҷараёни электрикӣ асбобҳои бисёр ихтироъ карда, таҷрибаҳо гузарондааст. Худи ҳамон сол қонуни таъсири мутақобилаи ҷараёнҳои электрикиро ошкор намуд, назарияи магнетизмро вусъат дод. Соли 1822 Ампер падидаи магнитии ғалтаки ҷараёндор (соленоид)-ро ошкор кард. Пас аз тадқиқоти Ампер магнетизм қисми электродинамика гардид.
Ампер назарияи электродинамикаро дар асарҳои «Назарияи ҳодисаҳои электродинамикие, ки комилан аз таҷриба бармеояд» (1826) ва «Назарияи ҳодисаҳои электродинамикӣ» баён карда, дар «Таҷрибаи фалсафии илмҳо» (1834) ном асараш илмҳои замонаашро хеле моҳирона тасниф намудааст.
Ихтироъот
вироишАмпер ихтироъкори коммутатор, телеграфи электромагнитӣ, муаллифи истилоҳҳои кинематика ва кибернетика мебошад. Дар соҳаи ботаника, химия ва фалсафа низ тадқиқот бурдааст. Яке аз бузургиҳои асосии электрикӣ – воҳиди қувваи ҷараён (Ампер) ва асбоби онро ченкунанда – амперметр ба шарафи Ампер номида шудаанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 82. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
- ↑ Акт крещения(фр.)
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |