Амр

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Амр (ар. امر‎) — калимаи арабӣ буда, маънояш фармон, ҳукм, фармоиш аст.

Амр дар оёти Қуръон

вироиш

Амр, истилоҳест, ки дар бисёр оятҳои Қуръон омада, асосан маънои фармоиши Худоро ифода мекунад. Ин истилоҳ боиси баҳси бисёри илоҳиётшиносону фақеҳон гардидааст. Ҳангоми шарҳу тафсири амр унсурҳои исломӣ бо таълимоти Юнони Қадим омехта шудаанд, вале азбаски муродифи юнонии он маълум нест, бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки ақидаҳои гуногун оид ба фармоиши Илоҳӣ аввал дар олами Ислом ба миён омада бошанд. Дар нусхаи арабии «Илоҳиёт»-и Арасту амр яке аз ҷиҳатҳои «калима»-и Худо — иродаи Худо буда, байни холиқ ва ақли Аввал меистад. Вай дар айни замон сабаби бевоситаи охирӣ ба шумор меравад. Ба ин маънӣ онро «сабаби сабабҳо» ҳам номидан мумкин аст. Ақл ҳамчун офаридаи аввал ва «калима» шабоҳат дорад.

Носири Хусрав дар «Кушоиш ва раҳоиш» амрро ҳастии аввал маҳсуб медонад. Дар «Равзат-ут-таслим» ё «Тасаввурот»-и Насируддини Тусӣ амри илоҳӣ дар аввалин силсилаи маротиби равонӣ ҷой дорад, ки баъди он нафс, ваҳм ва эҳсосот меоянд. Аз рӯи баъзе ақидаҳо дар Қуръон (мас., 8:53) амр гоҳо ба халқ муқобил аст, яъне амр офаридани ҷавҳарҳои рӯҳӣ ё худи ин ҷавҳарҳо буда, халқ маънои офаридани ҷавҳарҳои моддӣ ё худи ин ҷавҳарҳоро дорад.

Амр дар ҳуқуқ

вироиш

Дар замони муосир амр як намуди санади ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби мақомот ё шахси мансабдори низоми мақомоти давлатӣ ё худидораи маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои онҳо қабул карда мешавад.

Дар ҳуқуқи асосии (конститутсионии) муосир амр санади ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки дар доираи салоҳияти мақомоти мазкур содиршуда, барои шахсони дар амр муайяншуда эътибори ҳатмӣ дорад, эътироф шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаққи содир намудани амр дар доираи салоҳияти худ Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдоранд.

Амр дар ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ санади мақомот ё шахси мансабдори низоми мақомоти давлатӣ ё худидораи маҳаллӣ аст, ки дар ҳадди ваколати онҳо дода шуда, барои ҳамаи касони дахлдор ҳатмӣ мебошад. Амр бештар ба ҳодисаю масъалаҳои ҷудогона бахшида мешавад. Иҷрои амр ҳодисаро бартараф мекунад. Вале амр метавонад санади амали бардавом бошад (масалан, дар бораи таъйини шахси мансабдор, ташкили комиссия, дар бораи маблағҷудокунӣ барои ягон чорабинӣ ба муҳлати муайян ва ғайра). Амр санади зерқонунӣ буда, бояд ба Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ ояд..Ҳамчун қоида, амр хислати меъёрӣ надорад, яъне дар он қоидаҳои нав муқаррар карда намешавад. Амр санади татбиқи ҳукуқ мебошад, вале дар таҷриба амр, ки аз номи мақомоти муайян дода мешавад (масалан, амри Президенти ҶТ) метавонад хислати меъёрӣ дошта бошад[1].

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с.45

Сарчашма

вироиш