Амфисбенаҳо
Амфисбенаҳо (лот. Amphisbaenidae, аз юн. amphis — аз ду тараф ва baino — меравам;) — навъе аз хазандаҳо. Тақр. 140 намуд доранд.
Амфисбенаҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Amphisbaenia.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Amphisbaenidae Gray, 1865 | ||||||||||||
|
Амфисбенаҳо дар Америкаи Ҷанубӣ, Мексика, Африка, Аврупои Ғарбӣ паҳн гаштаанд. Хусусан амфисбенаҳои ҷинси Amphisbaena сершуморанд (100 намуд мебошанд). Амфисбенаҳо бештар ҳаёти зеризаминӣ доранд. Ҷонварони кирмшакл буда, дарозиашон ба 35-70 см мерасад. Чашмони амфисбенаҳо дар зери пӯст ҷой гирифта, зоҳиран доғҳои тираро мемонанд. Думашон хеле кӯтоҳ аст; бештарашон по надоранд. Ғизои амфисбенаҳо ҳашарот, ҳазорпоён, арза (навъи кирм) ва дигар мавҷудоти бемуҳра мебошанд. Дар зери замин то 2-6 дона тухм мегузоранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.