Амфитеа́тр (аз юн. άμφιθέατρον — «атроф», «театр», вомвожа ба олмонӣ ё фр. amphithéâtre[1]) — дар Юнон ва Руми Қадим иншооти азим барои тамошои умумӣ: ҷанги гладиаторҳо ва ҳайвоноти ваҳшӣ, намоиши театрӣ. Амфитеатр сохтмони бузурги эллипсмонандест, ки дар мобайн саҳна дорад, дар атрофи он ҷойҳои тамошобинон зина-зина баланд шуда мераванд. Амфитеатр қисман дар Рум (Колизей), дар Верона ва дигар шаҳрҳои Империяи Рум боқӣ мондааст.

Дар замони кунунӣ

вироиш

Дар театрҳои ҳозира амфитеатр ҷоест, ки пас аз партер зина-зина баланд шуда меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 бахшида ба 80-солагии пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе ва соли 2006 дар шаҳри Кӯлоб амфитеатри замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Нигаред низ

вироиш
  1. Словарь Макса Фасмера

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш