Амфиума, самандармори дуангушта (лот. Amphiuma means) — ҷонварест обхокии думдор. Тани дарози (то 1 м) сиёҳаш ба мормоҳӣ монанд аст. Пойҳояш майда, 2-3 ангушти хурду беқувват дорад. Дар ботлоқзорҳои қисми ҷанубу шарқии Америка дучор меояд. Дар хушкӣ низ метавонад зиндагӣ кунад. Асосан шабона фаъол мешавад. Ғизои амфиума харчангшаклҳо, нармбаданҳо ва моҳиҳост. Аввали баҳор ҷуфт шуда, охири тобистон то 150 дона тухм мегузорад.

Амфиума
Амфиума
Амфиума
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Amphiuma means Garden, 1821

Сарчашма

вироиш