Аналге́тик (аз юн.-қад. ἀν- «бе, зид» + ἄλγησις «дард»), бедардкунанда, таскиндиҳанда — доруҳои рафъи дард.

Диклофенак ва Citodon

Таснифот

вироиш

Моддаҳои давоии тарзи таъсир ва сохти химиявиашон гуногунро дар бар мегиранд. Аналгетикҳо наркозӣ ва ғайринаркозӣ мешаванд. Ба аналгетикҳои наркозӣ морфин, омнопон, промедол, фентанил ва ғ. мансубанд. Онҳо ҳисси дард, аз ҷумла дарди шадидеро, ки ҳангоми зарбулат, сӯхтагӣ, сактаи дил ва ғ. пайдо мешавад, рафъ мекунанд. Аналгетикҳои наркозӣ ба интиқоли импулсҳои дард дар қисмҳои гуногуни ҳароммағз ва майна монеъ мешаванд. Ин гурӯҳи доруҳо таассуроти нохуш (тарсу ваҳм, ҳаяҷон, рӯҳафтодагӣ)-и марбут ба дардро рафъ карда, ҳисси ҳаловати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (ба истилоҳ эйфория) ба вуҷуд меоваранд. Дар сурати чандин бор ворид намудани миқдори муайяни аналгетикҳои наркозӣ организм ба он одат мекунад ва таъсири дардбарӣ суст мегардад. Дар натиҷаи истифодаи тӯлонии аналгетикҳо шахс мумкин аст нашъаманд шавад. Аз ин рӯ, аналгетикҳои наркозӣ зери назорати қатъӣ буда, истеъмоли онҳо маҳдуд аст. Бе таъйиноти духтур истифода бурдани онҳо ҷиноят маҳсуб мешавад. Ба аналгетикҳои ғайринаркозӣ доруҳои синтезии сохти химиявиашон гуногун (кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, бутадион, парасетамол ва ғайра) мансубанд. Таъсири онҳо нисбат ба аналгетикҳои наркозӣ суст буда, асосан зимни дарде, ки дар натиҷаи газаки узву бофтаҳои гуногун (дарди дандон, дарди газаки бандҳо, мушакҳои скелет, неврит ва ғайра) пайдо мешаванд, самарабахш аст. Чунин доруҳо табшикан ҳам мебошанд, аксарияти онҳо хосияти зидди газак ҳам доранд.

Таъсири манфӣ

вироиш

Дар натиҷаи бе маслиҳати духтур муддати зиёд истеъмол кардани аналгин, амидопирин ва бутадион ҷараёни хунофарӣ халал меёбад. Мунтазам ва худсарона истифода бурдани доруҳои кислотаи салитсилат (мас., кислотаи атсетилсалитсилат ва салитсилати натрий) луобпардаи меъдаро ба ангезиш оварда, боиси хунравии он мегардад, мӯҷиби ғуввоси гӯш, заъфи сомеа, вазнин ҷараён гирифтани баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас ва ғайра) мешавад. Баъзе доруҳои дигар низ, ки ба гурӯҳи аналгетикҳо мансуб нестанд, метавонанд дардро рафъ кунанд. Чунончи, ҳисси дарде, ки бо ташаннуҷи мушакҳои суфтаи узвҳои дарунӣ алоқаманд аст, аз таъсири атропин, доруҳои шобезак (белладонна), папаверин, но-шпа ва ғ. кам мешавад. Барои рафъи дарде, ки дар натиҷаи ташаннуҷи рагҳо пайдо шудааст, доруҳои васеъкунандаи рагҳо бештар манфиат мебахшанд. Аз ҷумла дарди аз зиқи дил пайдошударо бо доруҳое, ки гардиши хунро дар дил беҳтар мегардонанд (нитроглитсерин) паст карда, дарди сарро, ки ба ғалаёни хун вобаста аст, бо доруҳои фишоршикан рафъ месозанд. Дар аснои дарди шикаме, ки аз сабаби ғуншавии бод дар рӯда пайдо шудааст, доруҳои бод-рон (мас., оби шибит ва ғайра) ё карболен (доруе, ки бодро ба худ мекашад) манфиат меоранд. Бе таъйиноти духтур ва то аниқ муайян намудани сабаби ҳисси дард истеъмол кардани аналгетикҳо мумкин нест.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш


Шаблон:Pharmacology-stub