Дастгоҳи ҳиссӣ

(Тағйири масир аз Анализатор (биология))

Анализаторҳо дар биология (системаи сенсорӣ) — унсурҳои мураккаби анатомию физиологӣ, ки ангезаҳои ҳайвоноту одамро дарк ва таҳлил мекунанд. Аҳамияти биологии анализаторҳо хеле калон аст. Онҳо вокуниши организмро ба тағйироти шароит таъмин месозанд, баҳри мутобиқати организм ба муҳит ва устувории муҳити дохилии он мусоидат менамоянд. Мафҳуми анализаторҳоро ба физиология олими рус И. П. Павлов дохил кардааст. Усули рефлексҳои шартӣ барои омӯзиши фаъолияти анализатории ҳайвонот ва одам имконияти мусоид фароҳам овард.

Анализаторҳо аз даррок (ретсептор), қисми гузаронанда, ки ахборро интиқол медиҳад ва маркази олӣ (гурӯҳи нейронҳои қишри мағзи сар) иборатанд. Ба даррокҳои анализаторҳо узвҳои ҳис (босира, сомеа, зоиқа, ломиса ва ғайра) ва ташкилаҳои махсус дар узвҳо, бофтаҳо, банду буғум, рагҳо ва мушакҳо мансубанд. Дастгоҳи ретсепторӣ бинобар сохтори махсус доштанаш навъҳои муайяни ангезишро дарк ва нисбати онҳо ҳассосияти баланд зоҳир мекунад. Қисми гузаронандаи анализаторҳо аз асаби канорӣ ва ҳуҷайраҳои асаб таркиб ёфтааст. Ин ҳуҷайраҳо дар системаи асаби марказӣ ҷойгир шудаанд (ба ғайр аз ду нейрони аввали босира, шомма ва сомеаи анализаторҳо, ки дар қисми канории узвҳои мазкур воқеанд). Таҳлили таъсири ангезандаҳо ба организм дар канор оғоз ёфта, таҳлили пурраи он дар қисми марказии анализаторҳо – нимкураҳои калони мағзи сар ба итмом мерасад. Анализаторҳо дар танзим ва фаъолияти худтанзими узвҳо, системаҳои физиологӣ ва ягонагии организм аҳамияти калон доранд. Фаъолияти таҳлилию синтезии нимкураҳои калони мағзи сар асоси фаъолияти олии асабро ташкил медиҳад.

Омӯзиши анализаторҳо барои физиология, философия, психология, тиб ва ғ. аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.

Сарчашма

вироиш