Анатаз (аз юн.-қад. ἀνάτασις — «ҷазб кардан»), октаэдрит — минерал, яке аз се модификатсияи полиморфии табиии дуоксиди титан.

Формулаи химиявиаш TiO2. Дар системаи тетрагоналӣ кристалбандӣ мекунад. Сахтиаш аз рӯи шкалаи минералогӣ 5–6,0, зичиаш 3820 – 3950 кг/м2. Ғашҳои оҳан, баъзан сурб ва ниобий дорад (то 2,16 % Nb2O5). Кристаллҳояш майдаи (то 1 см) нӯгтези дипиримидалӣ ва инчунин лавҳагӣ ё призмавӣ мешаванд. Рангаш сабзи зардчатоб то сиёҳтоб (визерит) ё кабуди хокистарӣ то сиёҳ. Ҷилояш равшан, алмосмонанд. Ҳангоми то ҳарорати 620 – 6500C гарм кардан ба рутил табдил меёбад. Дар «рагҳои» гидротермалии навъи махсуси «алпӣ» дар ҷинсҳои метаморфӣ ва чун маҳсули вайроншавии илменит вомехӯрад.

Сарчашма

вироиш