Анба

(Тағйири масир аз Анбаҳ)

Анба (форсӣ: انبه‎), манго (лот. Mangifera indica) — як навъ дарахти ҳамешасабзи кишварҳои гарми Осиё, ки меваи ширину хушбӯ дорад[1].

Анба
Гул ва меваи норасиди анбаи ҳиндӣ. Индонезия
Гул ва меваи норасиди анбаи ҳиндӣ. Индонезия
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Mangifera indica L., 1753

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Муҳимтарин рустании ҳосилдеҳи кишварҳои тропикист. Анба дарахти сершоху барг буда, то 45 м қад мекашад. Баргаш тасмашакл ё эллипсӣ, бӯи зифтро дорад; гулаш ҷорӯбак, мевааш донакдор, сершира, хушбӯй, нордон ё ширин (вазнаш 200 – 900 г).

Анба ҳазорҳо навъ дорад. Баъзе навъҳои он соле 3–4, навъҳои дигар як маротиба гул мекунанд.

Парвариш

вироиш

Анбаро дар Ҳиндустон, Мянма, Малайзия, Покистон ва дигар кишварҳо мепарваранд. Дар Ҳиндустон тақрибан 600 ҳазор га анбазор мавҷуд аст. Дар Африқои Шимолӣ низ майдони анбазорҳо беш аз пеш зиёд шуда истодааст. Дар Америкаи Ҷанубӣ низ онро парвариш мекунанд. Ниҳоли анбаро аз рӯи тартиби 12×12 ё 14×14 м шинонда мешавад. Ниҳолҳои пайвандии анба соли 4–6-уми баъди шинондан ҳосил медиҳанд (ниҳоли аз тухм рӯидааш баъди 7–12 сол самар меорад). Аз ҳар га анбазор 7–15 т ҳосил гирифтан мумкин.

Аз меваи анба шарбат, компот, мармелад, пюре ва хӯришҳои гуногун таҳия месозанд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Манго чист? Маънои вожаи манго(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 30 май 2018 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш