Анвар Мақсудӣ
Анвар Мақсудӣ (Мақсудов Анвар Темурович; зод. 3 марти 1964, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — физикдон, номзади илмҳои физикаву математика, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Мақсудов Анвар Темурович | |
Таърихи таваллуд | 3 март 1964 (60 сол) |
Зодгоҳ | Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМақсудов Анвар Темурович 3 марти соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси физика ва математика ба итмом расонида, соҳиби дипломи аъло гардидааст. Фаъолияти кории худро соли 1989 аз лаборанти калони кафедраи физикаи Донишкадаи педагогии Ленинобод оғоз намуда, дертар сармуаллими кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи мазкур фаъолияти кори худро ба роҳ мондааст. Аз соли 1993 то 1996 ба ҳайси сардори шуъбаи таълим ва илм, омӯзгори калон, декани факултет, иҷрокунандаи вазифаи директори Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то соли 2014 дар вазифаи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд кор кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 675 аз 31 октябри 2014 Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардидааст ва соли 2017 аз мансаби номбурда озод шудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишА. Т. Мақсудов соли 1992 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо дар татқиқоти моделҳои магнитӣ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дифоъ намудааст. Номбурда, муаллифи бештар аз 75 мақолаи илмӣ, 1 монография, 29 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 5 дастури методӣ, ҳамзамон роҳбари 9 лоиҳаи байналхалқӣ дар айни ҳол мебошад. Дар сохтан ва роҳбарии системаи иттилоотии идораи донишкадаи дар боло зикргардида саҳмгузор шуда, ҳамчунин сарварии лоиҳаи зиёда аз 53 китоби электронӣ мебошад. Барои таҳия ва корбасти барномаҳо дар системаи технологияи иттилоотии донишкада ва мураттабии нақшаи таълимӣ барои технологияи кредитӣ саҳми беандоза дорад.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали «Хидмати шоиста» (2011), «Медали Шараф», дараҷаи II -и Комиссияи умумиирассиягӣ дар мубориза бо коррупсия (2014), нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва якчанд Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати саноат ва энергетикаи ҶТ, Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ шудааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Анвар Темурович Мақсудов. 17 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 апрели 2016.