Бурҳон Тӯраев (1909, гузари Гӯри мири шаҳри Самарқанд — 3 июни 1989, Душанбе) — ҳунарпеша ва сароянда. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1939). Курси нӯҳмоҳаи муаллимтайёркунии Самарқандро хатм намудааст (1929). Актёри театри драмаи ба номи Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Тошканд (1929—1930), Театри давлатии ӯзбекии «Ленин йӯли»-и шаҳри Самарқанд (1931—1932), Театри халқии ш. Панҷакент (1933-35), ҳунарпеша ва сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1936—1959).

Бурҳон Тӯраев
Бурҳон Тӯраев
Таърихи таваллуд 1909(1909)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 3 июн 1989(1989-06-03)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон,ҳунарпеша
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Эҷодиёт

вироиш

Бурҳон Тӯраев дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ якчанд симоҳои барҷаста офаридааст: Султонбек («Аршин мололан»-и Ӯ. Ҳоҷибеков, 1938), Иброҳим («Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов, 1938), Бобои осиёбон («Лола»-и Сергей Баласанян ва С. Ю. Урбах, 1939) ва ғ. Аввалин иҷрокунандаи нақши Восеъ дар нахустин операи тоҷ. — «Шӯриши восеъ»-и Сергей Баласанян(1939), Кова («Коваи оҳангар»-и Сергей Баласанян, 1941), Қароботур, Бурҳон («Тоҳир ва Зӯҳро», «Арӯс»-и Александр Степанович Ленский, 1944,1946), Заретский («Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский, 1946). Синига «Кармен»-и Ж. Бизе, 1948), Акрам («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, 1957) ва ғ.

Дар ду балет низ нақшҳои асосиро бо услуби пантомима бозидааст: Гирей («Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафйев, 1945) ва Командор («Лауренсия»-и А. А. Крейн, 1952).[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.123.

Пайвандҳо

вироиш