Анвар Ғуломов
Анвар Ғуломов (24 сентябри 1934, ноҳияи Ёвон — 23 июни 1982, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960). Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945).
Таърихи таваллуд | 10 май 1920 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғарм |
Таърихи даргузашт | 23 июн 1982 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Орҷонкидзеобод |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо | Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1960) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1945—1946 корманди идораи ҷавонон, 1947—1955 мудири шӯъбаи комиҷроия, 1955—1959 директори Хонаи маданият ва аз соли 1959 то поёни умр коргардони Театри халқии ноҳияи Орҷонкидзеобод буд. Асосан сурудҳои ҳаҷвӣ мехонд, хушомадгӯёну баднафсон, танбалу коргурезон, фиребгарону ҳаннотон, бадмастону бадгӯёнро мазаммат мекард. Дар пйесаҳои якпардагии Театри халқӣ ҳам нақшҳои мазҳа¬кавиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд. Сурудҳоро аз эҷодиёти халқ ва ашъори ҳаҷвии шоирони муосири тоҷик интихобан мехонд. Хид¬маташ дар тарбияи ҳунарварони ҷавон калон аст.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Шараф» (дараҷаи III), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.