Ангеза — таъсироти ботинӣ ё беруние, ки дар ретсепторҳо (асабҳои ҳассос) ангезишро ба вуҷуд меоваранд.

Ангезаҳои биогенӣ (аҳамияти мустақими биологӣ дошта), абиогенӣ (аҳамияти ғайримустақими биологӣ дошта) ва номуайян (дорои аҳамияти биологии ошкор нагардида)-ро фарқ мекунанд. Ангезаҳои абиогенӣ (дар шароити ҳассосияти организм ба онҳо) ҳамчун сигналҳо зоҳир мешаванд, чунки организм ба ангезаҳои биогенӣ ва номуайян ҷавоб мегардонад. Таъсироти моддии табиаташон гуногун (физикавӣ, химиявӣ, физикавию химиявӣ), ки онҳоро торҳои махсуси асаби анализаторҳои гуногун, ё бевосита ҳуҷайраҳои баъзе узвҳо ва бофтаҳо қабул мекунанд, ба сифати ангеза баромад карда метавонанд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш