Ангурак, ё олучаи хирсак, ё сиёҳбодом (лот. Rhámnus cathártica) — бутта ё дарахтест худрӯй.

Ангурак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Rhamnus cathartica L. (1753)

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

То 8 м қад мекашад. Пӯстлохи танааш сиёҳтоб, навдаҳои наврустааш хокистарии сурхча. Баргаш думчадор, гирда, байзашакл ё дарозрӯя, нӯгтез (дарозиаш 2-8 мм). Гулаш зангӯламонанд (дарозиаш 4—-5 мм), сабзи зардтоб, одатан 10—15-тоӣ аз бари барг мебарояд (моҳҳои май — июн мешукуфад). Мевааш мудаввар (қутраш 0,6-0,8 см), аввал сабз, баъдтар (авг. — сент.) сиёҳи ҷилодор мешавад. Донакаш байзашакл (дарозиаш 5—6 мм), бӯри сиёҳтоб ё қаҳваранг.

Ангурак, одатан, дар ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, туғайзор, канори сою дарёҳо (қаторкӯҳҳои Қурама, Дарвозу Ҳисор, мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, ҷан. Тоҷикистон; 1000—1700 м баландтар аз с. б.) нумӯ меёбад. Бештар ҳамроҳи фарқ, санҷид, дӯлона, бед, тилох ва ғ. месабзад. Дарахти беор аст. Ба осонӣ зиёд мешавад.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Табибони халқӣ бо ҷӯшоби шохчаву пӯстлохи А. захми меъда ва қабзияти меъдаву рӯдаро табобат мекунанд. «Чой»-и меваи хушкашро (1 қошуқ дар 200 мл оби ҷӯш, ки ним истакон пеш аз хоб менӯшанд) доруи исҳоловар меҳисобанд. Дар тибби муосир мева ва пӯстлохаш чун воситаи исҳоловар истифода мешавад. Аз пӯстлохаш «франгин» ном доруе мегиранд, ки ба қабзияти куҳна давост.

Корбурд

вироиш

Пештар бо меваи ангурак матоъи пахтагӣ ва шоҳиро ранг (сабз, зард, сурх) мекарданд. Аангурак рустании ороишӣ ва доруист. Онро дар соҳили дарёҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Шимолӣ (дар баландиҳои то 1700 м аз с. б.) парваридан мувофиқи мақсад аст; одатан ниҳолҳои 2—3-соларо кӯчат мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. — Л.: Наука, 1976, — 595 с.
  • Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981

Сарчашма

вироиш