Анданте
Феҳристи маъноҳои калима ё ибора бо пайвандҳо ба мақолаҳои дахлдор. Агар шумо ба инҷо аз матни мақолаи дигари Википедия равона шудед, лутфан, баргардед ва пайвандро дақиқ созед, то вай пайванди лозимаро нишон диҳад. |
Анданте (итол. andante — равон, ҷорӣ)
- ифодаи суръати ором. Равон навохтани асари мусиқӣ. Анданте дар садаи XVII пайдо шуда, баъдтар (асри 19) тадриҷан оҳангҳои шӯхтареро ифода мекардагӣ шуд. Анданте дар асл аз адажио (adagio) тезтар, аз андантино (andantino) ва модерато (moderato) оромтар аст;
- ифодаи пйесаҳое, ки номи махсус надошта, дар ин суръат эҷод шудаанд. Аксар қисматҳои орому мавзуни симфония, квартетҳо, сонатаҳо, маршҳои тантанавию мотамӣ ва ғайра Анданте номида мешаванд;
- суръати маъмули қисмати ороми сонатаҳои силсилавӣ. Andantino-ифодаи суръати аз andante шӯхтар.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Анданте / Ш. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.