Андарз, панд, насиҳат — яке аз навъҳои адабии адабиёти дидактикӣ.

Таърих вироиш

Аз замонҳои қадим дар кишварҳои Осиё, аз Мисри Қадим то Байнаннаҳрайн густариш ёфта буд, вале рушду такомули бештари ин навъи адабӣ дар Эрони Бостон, махсусан адабиёти паҳлавӣ (замони Сосониён) ба назар мерасад; баъдан дар адабиёти форс-тоҷик (асрҳои миёна) идома ёфтааст. Андарз чун навъи адабӣ бо панд ҳаммаъно ва наздик аст ва баъзан ҷудо кардани онҳо аз ҳамдигар басе душвор мебошад. Дар баъзе асарҳои бадеӣ (шифоҳӣ, хаттӣ), осори адабиётшиносӣ ин ду истилоҳ якҷоя ба кор бурда мешаванд. Масалан, Фирдавсӣ гуфтааст:

Ба сӯи Хуросон фиристодашон,
Басе панду андарзҳо додашон.

Бо мурури замон, ба андозаи дур шудан аз замони Сосониён – давраи густариши адабиёти паҳлавӣ – истилоҳи панд нисбат ба андарз серистеъмолтар гардид, вале истилоҳи андарз то имрӯз (ибтидои садаи XXI) аз байн нарафтааст. Манбаи асосии андарз адабиёти шифоҳӣ (фолклор) мебошад. Аз ин ҷост, ки андарзҳои дар замони бостон пайдошуда бемуаллифанд. Баъдан, дар адабиёти паҳлавӣ андарзҳои таълифӣ, навишташуда аз ҷониби ин ё он муаллифе ба миён омаданд. Нахустин андарзҳо дар адабиёти мардуми эронинажод дар Авесто ба назар мерасанд. Баъдан, дар адабиёти паҳлавӣ бо номи андарзнома асарҳои таълимӣ, динӣ, ҳикмати амалии зиндагӣ ба миён омаданд. Андарз дар ин давра воситаи асосии таълим буд. Андарздиҳандагонро андарзбад мегуфтанд. Дар адабиёти форс-тоҷик андарзҳои мансур ва манзум ба назар мерасанд.

Асрҳои миёна вироиш

Манбаи андарзҳо дар адабиёти асрҳои миёна пас аз густариши дини ислом китоби муқаддас Қуръони Маҷид мебошад. Дар эҷодиёти баъзе шоирону нависандагон, идомаи анъанаҳои андарзгӯии пешазисломӣ ба назар мерасад, вале бештари андарзҳо дар ин давра аз Қуръону ҳадисҳо маншаъ гирифтаанд, чунки таъсири Қуръон ба зеҳни мардум, ба адабиёти шифоҳӣ ва хаттӣ бештар мегардид. Дар адабиёти пешазисломӣ ва дар адабиёти асрҳои миёнаву муосир андарзҳо дар масъалаҳову мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла андешаи хуб (нек), гуфтори хуб (нек), кирдори хуб (нек), ахлоқи ҳамидаву адаб, урфу одат, муносибат дар оила, муомилаву муошират бо наздикону дӯстон, муносибат бо душманон, муборизаи некӣ ва бадӣ (хайр ва шар), давлатдорию сиёсат, ростӣ, меҳру садоқат, ишқу вафо, накӯҳиши зулм, тарғиби адолат, парҳез аз молу ҷоҳпарастӣ, танаффур нисбат ба сарват, танқиди хислатҳои бади инсон ва ғайра гуфта шудаанд. Андарзҳо дар шакли нутқу сухани нигоранда (монолог), гуфтугӯ (диалог), пурсишу посух ва ғайра сохта шудаанд. Масалан, дар яке аз андарзномаҳо чунин суханон омадаанд:

Гуфтам: «Кадом айб аст, ки наздики мардум муътабар нанамояд?»
Гуфт: «Ҳунари худ гуфтан».
Гуфтам: «Аз мардумон кӣ оқилтар аст?»
Гуфт: «Он ки кам гӯяду беш шунавад ва бисёр донад».
5Гуфтам: «Хорӣ аз чист?»
Гуфт: «Аз коҳилӣ ва фасод»

Аз «Зафарнома»-и Абуалӣ ибни Сино

Андарзҳои бисёре дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар фаслҳову бобҳои «Андарз кардани Сиёвуш Фарангисро», «Андарз кардани Зол Кайхусравро», «Андарз кардани Кайхусрав эрониёнро», «Андарз кардани Доро бо Искандар ва мурдан» ва ғайра оварда шудаанд. Чанде аз андарзҳои Фирдавсӣ:

Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан.
                   ***
Ҳама бурдборӣ куну ростӣ,
Ҷудо кун зи дил кажживу костӣ.
                   ***
Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Равони сароянда ромиш барад,
                   ***
Бикӯшеду некӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.

Дар осори Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Дақиқӣ, Асадии Тусӣ, Саноӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон зимни баёни ҳодисаҳову воқеаҳои достонҳо, ғазалҳо, қасидаҳо ва ғайра. Андарз оварда шудаанд. Аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ:

Ба оғолиш ҳар касе бад макун,
Нишона машав пеши тири сухун,
                   ***
Киро нест дар дӯстӣ ростӣ,
Бияфган ту аз гарди ӯ остӣ.

Аз Хусрави Деҳлавӣ:

Дили мардум он гоҳ равшан бувад,
Ки озод чун сарву савсан бувад.
                   ***
Ҳар кӣ дар ӯ сирати некӯ бувад,
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Абдурраҳмони Ҷомӣ , Панду ҳикматҳо, Д., 1964;
  • Амир Хусрави Деҳлавӣ, Андарзу ҳикматҳо, Д., 1975;
  • Андарзномаи Фирдавсӣ, Д., 1992;
  • Мутуни паҳлавӣ, Т., 1371 ҳ. ш.;
  • Авесто, Д., 2001;
  • Саймиддинов Д., Адабиёти паҳлавӣ, Д., 2003;
  • Асадии Тусӣ. Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома», Д., 2007;
  • Унсурулмаолии Кайкову , Қобуснома, Д., 2007;
  • Китоби Синдбоди Ҳаким, Д., 2009;
  • Изведать дороги и пути праведных, М., 1991.

Сарчашма вироиш