Адабиёти дидактикӣ

Адабиёти дидактикӣ (аз юнонӣ didaktikos — таълимӣ, насиҳатӣ) — анвои (жанрҳои) адабӣ, ки дар онҳо шакли бадеӣ барои ифодаи маводи ғайрибадеӣ (ахлоқӣ, ҳикмати амал, фалсафӣ, динӣ, илмӣ) ба кор бурда мешавад.

Сарчашмаи Адабиёти дидактикӣВироиш

Сарчашмаи адабиёти дидактикӣ эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор) ва навъҳои (жанрҳои) фолклор (зарбулмасалу мақолҳо, масалу насиҳатномаҳо, шеъру ҳикоятҳо, ривоятҳо), аз навъҳои (жанрҳои) адабиёти бадеии хаттӣ, ҳикояву новеллаҳо, повесту романҳо, маснавиҳо ва ғайра мебошанд, ки дар адабиёти дидактикӣ ба кор бурда мешаванд. Баъзе муҳаққиқон, масалан, файласуфи маъруфи немис Гегел адабиёти дидактикиро адабиёти бадеӣ намешуморанд, чунки эҷодкор, шоир, нависанда ва дигарон дар ин гуна асарҳо ба дидактика, ҷиҳати таълимиву тарбиявии асарҳо, панду насиҳат таваҷҷӯҳи бештар менамояд, зебу орои сухан, бадеият, истифода аз санъатҳои бадеӣ ва ғайра ба мадди дуюм мегузаранд.

Таърихи адабиёти дидактикӣВироиш

Нахустин осори Адабиёти дидактикӣ насиҳатномаҳои Мисри Қадим (ҳазораи 3 то мелод), матнҳои шумерии Эдубе (нимаи авваои ҳазораи 2 то мелод) мебошанд. Дар аксар адабиёти қадими Шарқ — Хитой (рисолаҳои Конфутсий, асари «Лунюй», достони фалсафии Лаотсзи "Дао-дэ-сзин), ҳиндӣ («Шукасаптати», «Панчатантра», «Хитопадеша») ва ғайра осори дидактикӣ офарида шудаанд. Дар кишварҳои Европа Адабиёти дидактикӣ дар адабиёти атиқа — Юнону Рими Қадим (достони Вергилий андар бузургдошти замин «Георгики», достони Лукретсий «Андар табиати ашё», рисолаи Горатсий «Илми шеър», «Моралиа» ва «Насиҳатҳои сиёсӣ»-и Плутарх, «Меҳнат ва рӯзгор»-и Ҳесиод ва ғайра) пайдо шуда, баъдан дар адабиёти асрҳои миёнаи Европа, дар эҷодиёти Эразми Ротердамӣ, Ларошфуко, Лютер, Лафонтен, Ричардсон, Лессинг, Буало («Санъати шеър»), Гёте («Метаморфозаи рустаниҳо») ва дигарон идома ёфтааст.

Дар адабиёти қадими пеш аз исломии форс-тоҷик баъзе пораҳои Авесто, бахши «Готҳо»-и мутааллиқ ба Зардушт, андарзномаҳои адабиёти паҳлавӣ «Андарзи Озарбади Маҳраспандон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Андарзи кӯдакон», «Пандномаи Анушервон» ва ғайра), дар адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик унсурҳои дидактика дар эҷодиёти даҳанакии халқ, осори насри омиёна «Самаки айёр»,"Абумуслимнома","Доробнома", «Қаҳрамоннома», «Замчинома» ва ғайра ба назар мерасанд.

Адабиёти дидактикӣ дар осори классикии форс-тоҷикВироиш

Дар осори манзуму мансури адабиёти классикии форс-тоҷик, ки дар навъҳои гуногун эҷод шудаанд, масалан, осори Рӯдакӣ, Саноӣ, Аттор, Абдуллоҳи Ансорӣ, достонҳои Носири Хусрав «Рӯшноинома», «Саодатнома», дос­тонҳои Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Убайди Зоконӣ («Муш ва Гурба»), «Гулистон»-и Саъдӣ ва асарҳое, ки дар пайравии он навишта шудаанд, Абдурраҳмони Ҷомӣ (махсусан бахшҳои насиҳат ба фарзанд), Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон унсурҳои Адабиёти дидактикӣ ҷой доранд. Адабиёти дидактикӣ ба воситаи осори насри классики форс-тоҷик «Бахтиёрнома»-и Дақоиқии Марвазӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Қобуснома»-и Кайковус, «Калила ва Димна» (таҳрирҳои гуногунаш), «Тӯтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ ва Қодирӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Дастур-ул-мулук»-и Самандархоҷаи Насафӣ ва ғайра бештар рушд кардааст. Дар эҷодиёти насли дуюми маорифпарварони тоҷик Аҷзӣ, Беҳбудӣ, Айнӣ, Фитрат, Мирзо Сироҷ ва дигарон низ майли эҷоди порчаҳои дидактикиро мушоҳида кардан мумкин аст. Намунаҳои дидактикӣ дар адабиёти тоҷики садаи XX дар осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Фитрат, А. Мунзим ва адибони солҳои минбаъда ба назар мерасанд.

АдабиётВироиш

  • Никитина В. Б. ва дигар, Литература древнего Востока, М., 1962.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш