Андарзи Озарбади Маҳраспандон
«Андарзи Озарбади Маҳраспандон» — яке аз осори адабиёти паҳлавӣ, андарзномаест мансуб ба Озарбади Маҳраспандон, ки дар замони шоҳи сосонӣ Шопури II (309 – 379) мубадон мубад (сарвари мубадон) буд.
Ин асар аз бандҳои (фиқраҳои) панду насиҳатӣ ва суханони ҳикматомез иборат аст. Озарбади Маҳраспандон ин андарзномаро барои писари хеш – Зардушт навиштааст. Банди дуюми он бо хитоб ба писар оғоз меёбад. «Писарам, некандеш бош…» Аксар панду насиҳатҳои дар «Андарзи Озарбади Маҳраспандон» омада ҳикмати амалиянд, барои тарбияи инсони комил дастурҳои муфиду арзанда мебошанд. Дар андарзнома аз накӯкор будан, бо мардуми нодон дӯстӣ накардан, аз бадкирдорон дурӣ ҷустан, парҳез кардан аз дурӯғгӯӣ, нишастан дар суҳбати доноён, дар кори ба уҳда гирифта масъул ва кӯшо будан, бенавоёнро масхара накардан, чунки шахси доро ҳам метавонад бенаво бишавад, ба фарзанд илму дониш омӯзондан, ҳурмати падару модарро ба ҷой овардан ва ғайра сухан меравад. Дар «Андарзи Озарбади Маҳраспандон» фиқраҳое ба назар мерасанд, ки дар насиҳат ба ҳукмронон (одилу раиятпарвар будан, саховат кардан, суханони ҳасудону дурӯғгӯёнро нашунидан ва ғайра) гуфта шудаанд. Намунае чанд аз «Андарзи Озарбади Маҳраспандон» (тарҷ. Д. Саймиддинов): «Бо марди бадогоҳ (ҷоҳил) ҳамроҳ мабош! Бо марди хашмин ҳамроҳ мабош! Бо марди ҳарзагӯй ҳамроз мабош! Бо марди маст ҳамнӯш мабош! То чанд тавонӣ мардумон ба сухан маозор! Агар туро писаре бувад, ӯро дар кӯдакӣ ба дабиристон бидеҳ, чунки омӯзиш рӯшании чашм аст. Бегуноҳ бош, то бебим бошӣ! Ва туро гӯям, писарам, ки барои мардумон аз ҳама беҳтар чиз хирад аст».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Диншоҳи Эронӣ, Ахлоқи Эрони Бостон, Т., 1334 ҳ. ш.;
- Тавадиа Ҷаҳонгир, Забон ва адабиёти паҳлавӣ – форсии миёна, Т., 1348 ҳ. ш.;
- Саймиддинов Д., Адабиёти паҳлавӣ, Д., 2003;
- Изведать дороги и пути праведных, М., 1991.
Сарчашма
вироиш- Андарзи Озарбади Маҳраспандон / М. Диловаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.