Андархамӣ, андархомӣ— як навъ харбузаи дерпазак.

Давраи нашваш (аз неш задани тухмӣ то пурра пухтан) 100—110 рӯз. Ҳаҷмаш калон (вазнаш 5—7 кг), дарозрӯяи тухмшакл. Пӯсташ норанҷии сабзтоб, чин-чин, сахт, тӯрдор. Мағзаш сершира ва хуштаъм. 8,5—9 % қанд дорад. Тухмпаллаҳояш ба мағз часпидаанд. Тухмаш борик, калон ва зард. Дар заминҳои шӯр сабзида, ба камобӣ тоб меорад. Аз як га то 250 сентнер (дар деҳаи Патари ноҳияи Конибодом 280—300 сентнер) ҳосил мегиранд. Тар мехӯранд, барои зимистон нигоҳ медоранд. Ба ҷойҳои дур низ кашондан мумкин. Бештар аз касалии гарда зарар мебинад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Справочник бахчевода. — Душанбе, 1987.

Сарчашма вироиш

  • Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҷ. 1)