Андеша (форсӣ: اندیشه‎), ё фикр (ар. فِکر‎) — яке аз нерӯҳои дарунии инсон аст, ки ба мафоҳим марбут аст.

Дар андеша раванди фаҳмидани худ, одамони дигар ва олами иҳотакарда ифодаи худро меёбад. Асоси андешаро инъикоси чунин нишонаву аломатҳои ҳодисаҳо, аз қабили монандӣ, қаробат дар фазову вақт ва ғайра ташкил медиҳад. Мувофиқи таълимоти И. М. Сеченов, нуқтаи ибтидоии фикру андешаи инсон муқоисаи ду ҳодиса мебошад ва он ба ҷустуҷӯю муайян кардани алоқаву робитаҳои байни ҳодисаҳою ашёҳо равона мешавад. Андеша муносибати ҳодисаву ашёро аз рӯи аломатҳои «фарқият — монандӣ», «сабаб — натиҷа» ва «воқеият — имконият» дар бар мегирад. Муносибати мантиқӣ ба воҳидҳои тафаккур ба ӯ аломатҳои ахбордиҳиро ҳамчун хусусияти муҳим медиҳад. Ифодаи нутқии андеша дар матнҳо шакли ҷумларо дорад. Андеша дар баробари ин ба падидаҳои психикие, ки дар муҳити нимкураи чапи майнаи сар ба вуҷуд меоянд, нисбат дода намешавад. Андеша метавонад дар ҷавоб ба майлҳои (кӯшишҳои) муассир ба вуҷуд ояд, алоқаи ҳар гуна образҳоро, ки моҳияти маърифатӣ доранд, ифода намояд; онро нимкураи рости майнаи сар низ ба вуҷуд меоварад.

Сарчашма

вироиш