Андрогенез
Андрогене́з (аз юн.-қад. ἀνδρός — мард ва γένεσις — пайдоиш) — як шакли афзоиши организмҳо, ки ҳангоми он дар инкишофи ҷанин фақат ядрои нарина (ба тухм тавассути нутфа омадааст) иштирок мекунад.
Андрогенезро дар баъзе намуди ҳайвонот (масалан, саворакҳо, габробракон) ва рустанӣ (ҷуворимакка, тамоку) дар ҳолатҳое, ки ядрои тухм то бордоршавӣ нобуд мегардад, мушоҳида кардан мумкин аст. Яке аз шаклҳои андрогенез мерогония (аз юнонӣ meros — қисм ва gonos — насл) мебошад. Мерогония инкишофи порчаи тухми бордоршудаест, ки ядрои модина надорад. Андрогенезро бо роҳи сунъӣ (дар натиҷаи гирифта партофтан ё бо моддаҳои химиявӣ беҷон кардани ядрои модина) низ ба даст меоваранд. Андрогенез ҳангоми тадқиқи мақоми ядро дар ирсият, омӯхтани таъсири мутақобилаи ядрою ситоплазма барои ба вуҷуд овардани организмҳои гомозиготӣ (организмҳое, ки дар маҷмӯи ирсии онҳо хромосомаҳои гомологӣ шакли якхелаи ин ё он генро доранд) ва ҳайвоноти ҳамҷинс истифода мешавад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Андрогенез // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи зистшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |