Анонс
Ано́нс (фр. annonce — хабардоркунии оммавӣ) — хабардоркунии қаблӣ дар бораи рӯйдод (консерт, намоишнома, намоиши кинофилм, нашри китобҳо ё барномаҳои компютерӣ ва ғайра). Анонс метавонад дар шакли эълоннома, матолиб дар васоити ахбори омма ё эълон тариқи телевизион ва радио бошад. Дар анонс баробари эълони рӯйдод, одатан, доир ба рӯйдод маълумоти асосӣ дода мешавад (шарҳи мухтасари филм, барномаи консертӣ).
Эзоҳ
вироишНигаред низ
вироишСарчашма
вироиш- Анонс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.