Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (Мухтассар: КБСС, англ. International Committee of the Red Cross; ICRC, фр. Comité international de la Croix-Rouge) — ташкилоти башардӯстона, ки фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон, бо назардошти принсипи бетарафӣ ва беғаразӣ иҷро мекунад. КБСС ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати дохилӣ  ҳимоя ва кумак мерасонад, ташкилот қисми таркибии ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Аломати КБСС - Emblem of the ICRC

Дар соли 1864   аввалин Конфронси байналмилалии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх баргузор гардид.[1].

Сардафтари Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, дар шаҳри Женева ҷойгир аст.

Таърих

вироиш

Нависанда ва рӯзноманигори Швейтсария Анри Дюнан , ки дар соли 1859  тасодуфӣ шоҳиди ҷанги назди Солферино байни артиши муттаҳидаи Фаронса, Пайдмонт ва Сардиния аз як тараф ва  артиши Австрия аз дигар мегардад. Дюнанро саҳнаи хунрезӣ ва дарди инсонӣ ғамгин месозад. Баъди бозгашт ба Женева Дюнан  китоби "Ёддошт дар бораи ҷанги назди Сольферино"-ро навишт ва қарор кард, кӯшише кунад,то  ки минбаъд барои бартараф намудани ранҷу азоби  ҷанговарон хизматашро гузорад[2].

Китоби ӯ  соҳиби маъруфияти ҷиддӣ гардид. Ниҳоят, дар моҳи феврали соли 1863 ташкилоти эҳсонкорӣ " Ҷамъияти Женевагии муҳофизат  "  кумита иборат аз панҷ нафар таъсис намуд, ки ба он  вазифа гузошта шуда буд, ки пешниҳодҳои Дюнанро баррасӣ намояд. Дертар, дар ҳамон сол, дар Женева, конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Салиби Сурх таъсис дода шудааст. Ҳамчун аломати ҷамъият парчами Швейтсария интихоб шуд, ки дар он ранги сурхи парчам ба сафед  ва ранги сафеди салиби сурх — ба сурх тағйир дода шуда буд. Кумитаи панҷ баъдан номи "Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх" (КБСС)-ро  гирифтааст..

Дар бораи КБСС

вироиш

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ҳадафи худро, ки вазифаи аосии он аст, барои таъмини ҳимоя ва расонидани кумак ба зарардидагон  дар низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати дохилӣ мебинад. Принсипҳое, ки асоси фаъолияти КБСС мебошад, аз он иборат аст, ки ҳатто рафти ҷанг бояд дар доираи муайяни маҳдудиятҳо дар усул ва воситаҳои пешбурди амалиети низомӣ ва рафтори солими тарафҳои даргири муқобил бояд риоя карда шаванд. Маҷмӯи асосии он,  дар ҳуқуқҳои  байналмилалии башардӯстона акс ёфтааст, ки  асоси он Конвенсияи Женева мебошад. Конвенсияи Женева аз ҷониби ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба имзо расид, ва ин амал нишон медиҳад, ки он бештар хислати умумӣ дорад нисбат  ба ҳамаи дигар созишномаҳои байналмилалӣ.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) — ташкилоти мустақил ва бетараф аст. Тибқи мандати ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх супоридаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташкилот мувофиқи принсипи беғаразӣ, ба шахсони таҳти ҳабс ҷойдошта, беморон, захмдоштагон ва шаҳрвандон, инчунин ба шахсоне дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона зарар дидаанд, кумак мерасонад.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ҷамъиятҳои миллӣ ва Федератсияи Байналмилалӣ  - Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ташкил  медиҳанд.[3]

Ба КБСС, се маротиба, дар соли 1917, 1944 ва 1963  Ҷоизаи Нобелӣ барои Сулҳ дода  шудааст.

Сохтори КБСС

вироиш

Асосии мақомоти идоракунии КБСС[4]:

  • Ассамблея (комиссариати олии мақоми идоракунӣ)
  • Шӯрои Ассамблея (мақоми амалкунанда бо супориши Ассамблея)
  • Президент ва муовинони ӯ (таъмин намудани фаъолияти Ассамблея, Шӯрои Ассамблея ва масъул барои робитаҳои берунаи  КБСС)
  • Раёсат ё  Директорат (мақоми иҷроия, иборат аз директори Генералӣ ва се нафар директорон)
  • Мақомоти назоратӣ.

Президенти КБСС — Петер Маурер.

Принсипҳои асосӣ

вироиш

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ки дар асоси кӯшишҳои аҳли башар барои сулҳ ва ваҳдат ки дар конфронси ХХ баналмилаиии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар соли 1965, дар Вена эълон гардид, такя мекунад.

Принсипҳои КБСС:

  • Башардӯстӣ
  • Беғаразӣ
  • Бетарафӣ
  • Соҳибистиқлолӣ
  • Ихтиёрӣ
  • Ягонагӣ
  • Гуногунҷабҳавӣ

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  • Сарони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (w:ru Президенты Международного Комитета Красного Креста)

Кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистон

вироиш

Дар солҳои мушкили Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ва давраи баъдиҷангӣ солҳои 1997-2000 Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ёрии бағаразонаи хешро ба тоҷикистониён расонидааст.

Пайвандҳо

вироиш