Апекс (лот. apex — қулла, авҷ) — дар астрономия нуқтаи сфераи осмонӣ, ки системаи Офтоб ё Замин ба сӯи он ҳаракат мекунад.

Солнечный апексСолнечный апексШаровое скопление M92Шаровое скопление М13Туманность КольцоШаровое скопление M56ВегаЗмееносецГеркулес (созвездие)Лира (созвездие)Лебедь (созвездие)Дракон (созвездие)Северная КоронаКорнефоросРас Альгети
Апекси Офтоб дар бурҷи Ҷосӣ

Апекси ҳаракати солонаи Замин дар гирди Офтоб дар ҳамвории эклиптика хобида, нисбат ба самти Офтоб қариб амудӣ аст. Апекси ҳаракати асрии системаи Офтоб нисбат ба ситораҳои наздиктарин дар бурҷи Ҷосӣ (Геркулес) воқеъ аст. Нуқтаеро, ки мадори радифи маснӯи Замин аз ҳамвории экватори Замин дар масофаи дуртарин воқеъ гардидааст (ба самти шимол), низ апекс меноманд.

Антиапекс

вироиш

Антиапекс (аз анти … ва апекс), нуқтаи сфераи осмон, ки муқобили апекс аст[1].

  1. Антиапекс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.

Сарчашма

вироиш