Антивитаминҳо
Антивитаминҳо (аз анти… ва витаминҳо) — пайвастҳое, ки сохти химиявиашон ба витаминҳо монанд аст, вале таъсири биологии зидди витаминӣ доранд. Антивитаминҳо ҳангоми ба организм роҳ ёфтан ба ҷойи витаминҳо дар реаксияҳои мубодилаи моддаҳо иштирок карда, ҷараёни мӯътадили онҳоро суст ё халалдор месозанд. Ин боиси норасоии витамин дар организм мегардад (ҳатто дар сурате, ки витаминҳо ба тавассути ғизо ба организм пурра ворид ё дар организм ба миқдори зарурӣ ҳосил мешаванд). Қариб ҳамаи витаминҳо антивитаминҳо доранд. Масалан, антивитаминҳои витамини В1 (тиамин) пиритиамин буда, он бемории полиневритро ба вуҷуд меорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антивитаминҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.