Антимони́т (аз лот. antimonium «сурма»), ҷилои сурма, стибнит — минералест аз синфи сулфидҳо — Sb2S3, ки ғашҳои As, Hg, Au, Ag, Pb, Bi ва дигар элементҳоро дорад, манбаи асосии сурма аст.

Антимонит
Булури антимонит
Формула Sb2S3
Примесь As, Bi, Pb, Fe, Cu, Au, Ag
Физические свойства
Цвет Свинцово-серый
Блеск металлический
Прозрачность непрозрачный
Твёрдость 2—2,5
Спайность весьма совершенная по {010}
Излом раковистый
Плотность 4,5—4,6 г/см³
Сингония орторомбическая

Таркиб

вироиш

Дар таркиби антимонит 71,38 % Sb ва 28,62 % S мавҷуд аст. Системаи кристаллиаш ромбшакл, кристаллҳояш сӯзанмонанд, сутунмонанд ё призмашакли рахдор. Рангаш хокистарӣ буда, ҷилои металлӣ дорад, сахтиаш 2 — 2,5, зичиаш 4500 — 4600 кг/м3, ҳарор. гудозиш 546 °С, дар HCl суст ҳал мешавад. Антимонит асосан дар конҳои сурма, сурмаю симоб, тилою симоб ва дигар конҳои гидротермалии пастҳарорат вомехӯрад.

Конҳо дар Тоҷикистон

вироиш

Конҳои антимонит дар Тоҷикистон дар Ҷиҷиқрӯд ва гурӯҳи конҳои Шинг маълуманд.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш