Антио́хи III Кабир (юн.-қад. Αντίοχος Γ' ο Μέγας; 241187 то м.) — писари дуюми Селевки II. Вай бо номи Антиохи Кабир низ машҳур аст. Солҳои ҳукуматаш 223—187.

Антиохи III Кабир
юн.-қад. Αντίοχος Γ' ο Μέγας
Садиси мармарии Антиохи III Лувр, Порис
Садиси мармарии Антиохи III
Лувр, Порис
Пешгузашта Селевки III Керавн
Ҷонишин Селевки IV Филопатор
Таваллуд тақрибан 242 то м.[1][2]
Даргузашт 187 то м.[1]
Дудмон Селевкиён[d]
Падар Seleucus II Callinicus[d][3]
Модар Laodice II[d]
Ҳамсар Laodice III[d] ва Euboea of Chalcis[d]
Фарзандон Cleopatra I Syra[d], Seleucus IV Philopator[d][4], Антиохи IV[5][3][2], Laodice IV[d], Antiochus[d], Antiochis[d], Ardys[d] ва Mithridates[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ

вироиш

Антиохи III пас аз марги бародараш Селевки III бар тахт нишаст. Дар замони ҳукумати ӯ дар саросари давлатдории селевкиён шӯришҳои истиқлолхоҳонаи сатрапҳо сар заданд. Ҳамаи шӯришҳо бераҳмона саркӯб шуданд. Антиохи III соли 219 то м. бо Миср ҷангид ва минтақаҳои Келесария, Финиқия, Фаластин ва бархе аз навоҳии соҳили дарёи Медитрона (Баҳри Миёназамин)-ро тасарруф намуд, вале дар набарди Рафия (217 то м.) аз сипоҳиёни мисрӣ шикаст хӯрд ва минтақаҳои тасхиршудаашро аз даст дод. Юришҳои шарқии ӯ бамаротиб муваффақомез буданд. Соли 209 то м. Антиохи III бо 120 ҳазор сипоҳӣ ба Порт ҳамла кард ва онро ба тобеияти худ даровард. Сипас ба ҷониби Бохтар равон шуд ва шоҳи он Эвтидемро шикаст дод (208 то м.). Бо вуҷуди ин Бохтар тавонист истиқлоли худро ҳифз намояд. Пас аз ин, Антиохи III ва Эвтидем барои фатҳи Ҳинд иқдом карданд (206 то м.). Пас аз юриши «шарқӣ» — и худ Антиохи III лақаби «Антиохи Кабир»-ро гирифт. Соли 203 то м. Ӯ Фаластини Мисрро ба тасарруфи худ даровард, вале дар ҷанги зидди Пергам, ки ҷиҳати тасхири шаҳрҳои Осиёи Хурд ва Фракия иқдом карда буд, шикаст хӯрд («Ҷанги сеюми Сурия», солҳои 192—188). Дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ ва пурхароҷот иқтидори низомӣ ва иқтисодии давлати селевкиён заиф шуд ва давлатҳои Порту Бохтар ба куллӣ соҳиби истиқлол шуданд.

Адабиёт

вироиш


Шаблон:Селевкиён