Антио́хи IV Эпифа́н[6] (юн.-қад. Αντίοχος Δ' Ἐπιφανής; тақ. 215 то м.164 то м.) — писари Антиохи III. Солҳои ҳукуматаш 175—163 то м.

Антиохи IV Эпифан
юн.-қад. Ἀντίοχος Ἐπιφανής
Сардиси Антиохи IV Эпифан. Музейи куҳна, Берлин.
Сардиси Антиохи IV Эпифан. Музейи куҳна, Берлин.
Пешгузашта Селевки IV Филопатор
Ҷонишин Антиохи V Евпатор
Таваллуд тақрибан 215 то м.
Даргузашт на пештар аз 161 то м. и на дертар аз декабри 164 то м.
Дудмон Селевкиён[d]
Падар Антиохи III Кабир[1][2][3]
Модар Laodice III[d]
Ҳамсар Laodice IV[d]
Фарзандон Antiochus V[d][4][5][2], Laodice VI[d], Alexandros Balas[d] ва Laodice[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳукмронӣ

вироиш

Замони ҳукумати ӯ низ мисли даврони падараш пур аз ҷангу набард аст. Дар солҳои 169—168 ба Миср ҳамла кард, вале бо исрори Рум аз идомаи ҷанг даст кашид. Дар бозгашт аз ин юриши худ ибодатхонаи Байтулмуқаддасро ғорат кард ва 10 ҳазор нафарро ба асорат гирифт. Антиохи IV ба Порт низ юриш кард, вале чандон муваффақ набуд. Вай ба Арманистон низ ҳамла кард ва шоҳи шӯришгар-Артаксийро асир гирифт. Феҳристи боқии шоҳони севлевкӣ, ки ба номи Антиохи маъруф будаанд, ба ин зайл аст: Антиохи V Эвпатор (163—162 то м.), Антиохи VI Эпифан (145—141 то м.), Антиохи VII Сидет (139—129 то м.), Антиохи VIII Грип (125 — 96 то м.), Антиохи IX Филопатор (115 — 95 то м.), Антиохи X Евсеб (95 — 92 то м.), Антиохи XI Эпифан Филоделф (93 то м.), Антиохи XII Дионис (98 — 86 то м.).

Адабиёт

вироиш


Шаблон:Селевкиён