Антониу Сенӣ
Антониу Сенӣ ( итол. Antonio Segni ; 2 феврали соли 1891, Сассари - 1 декабри 1972, Рим ) - Арбоби давлатӣ ва сиёсии Итолиё, ду маротиба дар солҳои 1962-1964 сарварӣ ба ҳукумати Итолиё, ҳамчунин президенти Итолиё буд, сенатори якумра.
Зиндагинома
вироишВай яке аз асосгузорони Ҳизби Христианҳои-демократ буд, ки ба қаноти рости он тааллуқ дошт.
Аз соли 1944 то соли 1946 дар вазифаи ҷонишини вазир ва аз соли 1946 то соли 1951 — вазири кишоварзии Итолиё кор кардааст. Антониу Сенӣ яке аз муаллифони ислоҳоти аграри (Қонуни Гуллит-Сенӣ) буд, ки бо ташаббуси ҳаракати дехқонон дар Итолиё ба амал омадааст. Аз июли соли 1955 то майи соли 1957 ва аз феврали соли 1959 то феврали соли 1960. - Сарвазири Итолиё. Дар солҳои 1960 — 1962 — вазири корҳои хориҷӣ. 6 май соли 1962 президенти Итолиё интихоб шуда буд.
Аз 11 май соли 1962 то 6 декабри соли 1964 — Президенти Ҷумҳурии Итолиё.
Вай мавқеи рости марказгаро ишғол карда, тарафдори мустаҳкам намудани алоқаҳои сиёсӣ ва ҳарбии Итолиё бо НАТО буд. Аз сабаби беморӣ ба нафақа баромад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Munzinger Personen (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Сеньи Антонио // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/532685/Antonio-Segni
Пайвандҳо
вироиш- Тарҷумаи ҳоли Антониу Сенӣ бойгонӣ шудааст (ит.)