Антон Ве́берн, ё Антон фон Ве́берн (олмонӣ: Anton Webern, олмонӣ: Anton von Webern; 3 декабр 1883[1][2][3][…], Вена[4]15 сентябр 1945[4][1][2][…], Mittersill[d], Salzburg[d][4]) — оҳангсоз ва дирижёри утришӣ.

Антон Веберн
олмонӣ: Anton Webern
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд утр.-олм.: Anton Friedrich Wilhelm von Webern
Таърихи таваллуд 3 декабр 1883(1883-12-03)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 сентябр 1945(1945-09-15)[4][1][2][…] (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1908
Кишвар
Пеша(ҳо) classical composer, раҳбари мусиқӣ, мусиқидон, оҳангсоз
Соз фортепиано
Сабк expresionism in music[d]
antonwebern.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар Донишгоҳи Вена композитсия ва мусиқии бисёровозаи қадимро омӯхт, дар бораи эҷодиёти Г. Изак рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Солҳои 1904-08 дар назди А. Шёнберг таҳсил намуд. Аз соли 1908 дар театрҳои опера ва оркестрҳои симфонии Австрия ва Олмон дирижёр буд. Баъди дар Австрия ҷорӣ гардидани низоми миллатгароӣ (натсистӣ) аз вазифа сабукдӯш карда шуд ва танҳо бо композитсия машғул гардид. Соли 1945 дар назди хонааш аз тарафи аскари амрикоӣ тасодуфан кушта шуд. Антон Веберн дар қатори устодаш Шёнберг ва шогирдаш А. Берг бузургтарин намояндаи мактаби нави Вена ба шумор меравад. Асарҳои аввалинаш ба мусиқии лаҳнӣ мансуб буданд, лекин аз таснифоти 3 (сурудҳо дар матни Ш. Георге) ба мусиқии номавзун, баъд (аз таснифоти 17 сар карда — се суруд ба матни халқӣ) ба мусиқии додекафонӣ мегузарад. Таъсири Шёнберг ва дониши амиқ оид ба мусиқии бисёровоза мусоидат намуданд, ки Антон Веберн равияи худашро ба вуҷуд биёрад. Асарҳои аввалинаш ба эстетикаи эксперессионизм мутобиқат доштанд (Шаш пйеса барои оркестр, таснифоти 6, 1909), лекин бо мурури замон мусиқии ӯ (симфонияи 21 барои оркестри камеравӣ, 1928; консерт барои нуҳ сози мусиқӣ, таснифоти 24, 1934) хеле муҷаррад (абстрактӣ) шуда, на ба ҳиссиёт, балки ба зеҳн равона мегардад. Антон Веберн муаллифи 31 асар буда, ба тамоми мусиқии академии нимаи 2-юми асри 20 таъсири бузург гузоштааст. Силсилаи суҳбатҳои ӯ соли 1960 таҳти унвони «Роҳ ба сӯйи мусиқии нав» нашр шуданд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Anton Webern (нидерл.)
  3. 3.0 3.1 Moldenhauer H. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Веберн Антон // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.

Адабиёт

вироиш