Антропосотсиология
Антропосотсиология (аз юн. Ανθρωπος — инсон ва сотсиология — иҷтимоиёт) — назарияи иҷтимоие, ки дар асоси таҳрифи маълумоти антропология мақоми иҷтимоии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳоро бо аломатҳои анатомию физиологии инсон (ҳаҷму шакли косахонаи сар, қад, ранги мӯй ва ғайра) бевосита алоқаманд менамояд. Антропосотсиология ҳодисаҳои ҷамъиятиро низ дар ҳамин замина таъбир мекунад. Нажодпарастӣ дар муборизаи мафкуравӣ антропосотсиологияро васеъ истифода мебарад.
Адабиёт
вироиш- Антропосотсиология // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |