Анушервон Бекасиён
Анушервон Бекасиён (форсӣ: بیکسیان ) Анушервон Ғуломризо (тав. 5.10.1955, шаҳри Тошҳавзи Туркманистон), ҳайкалтарош (пайкарасоз), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997).
Анушервон Ғуломризо Бекасиён | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ: | Тошҳавз Туркманистон |
Табаият | Тоҷикистон (то соли 2004) |
Жанр | ҳайкалтарош (пайкарасоз) |
Унвонҳо | Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1997) |
Ҷоизаҳо | Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1996) |
Зиндагинома
вироишАнушервон Бекасиён хатмкардаи Техникуми сохтмони шаҳри Душанбе (1974) ва Омӯзишгоҳи санъати амалии Урал (1984). Солҳои 1977–1980 устои кандакори корхонаи «Армуғон»-и шаҳри Душанбе, солҳои 1985–2004 рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон буд. Соли 2004 аз Тоҷикистон ҳиҷрат намудааст.
Эҷодиёт
вироишБекасиён чеҳраи навкори санъати пайкарасозӣ ва медалсозии тоҷик буда, бо такя ба анъанаҳои миллии пешин дар ҷодаи ба истилоҳ «Шакли хурди пайкарасозӣ» ба муваффақият ноил гаштааст. Дастранҷаш бо шарҳи амиқи фалсафию эстетикии образҳо, мавзунию зарифии композитсия, назокату латофат фарқ мекунад. Бекасиён техникаи рехтагарӣ аз филизз ва коркарди сангро хуб аз худ намуда, дар санъати амалии тоҷик равияи витара ба вуҷуд овард. Медалҳои «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», «Бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ », «Ҳаёти атрофи мо», «Ихтиёрӣ », композитсияҳои «Муколама», «Гӯрӯғлӣ», «Сарчашма », «Ситораҳо», «Субҳдам », «Баробарии рӯзу шаби баҳорӣ» ва ғ. аз истеъдоди баланди медалсозию пайкарасозии муаллиф гувоҳӣ дода, дар фестивалу озмунҳои гуногун сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидаанд. Нуқтаи баландтарини эҷодаш пайкараи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (соли 1992 ҳамроҳи С. Қурбонов офаридааст) аст, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1996).
Нигаред
вироишСарчашма
вироиш- Бекасиён Анушервон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.