Анъана
Анъана (ар. عنعنه — аз гуфтори чанд нафар ба тартиб воқеае ё ривоятеро нақл кардан; расму қоидае, ки аз насл ба насл мегузаранд) — намуди махсуси алоқаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми амали арзишҳои фарҳангӣ таҷрибаи фаъолияти наслҳои гузаштаро дар худ инъикос намуда, дар зинаҳои гуногуни таърих бо мақсади ҳал намудани масоили нави амалӣ таъбир карда мешавад.
Моҳият
вироишШаклу мазмуни арзишҳои фарҳангӣ дар муайян кардани табиати иҷтимоии анъана мавқеи хосеро ишғол намоянд ҳам, ҳанӯз моҳияти ҷавҳари онро кушода наметавонад, зеро анъана худи арзишҳои фарҳангӣ набуда, балки тарзи амали махсуси онҳост. Инсон барои ҳалли масъалаҳои замонавӣ аз таҷрибаи иҷтимоии наслҳои гузашта истифода мебарад. Маҳз тарзи таъбир ва истифодаи таҷриба моҳияти анъанаро ташкил медиҳад. Чунин нуқтаи назар имконият медиҳад, ки анъанаро ҳамчун механизми иҷтимоии доимо ташаккулу такомулёбанда тасаввур кунем. Ин механизм танҳо бо нигоҳ доштан ва интиқоли таҷрибаи наслҳо маҳдуд нашуда, ҳамчун тарзи инкишофи фарҳанги инсонӣ низ амал мекунад. Дар механизми анъана доимо ду вазифаи мазмунан ба ҳам зидди диалектикӣ – консерватизм ва навоварӣ амал менамояд. Консерватизм таҷрибаи наслҳои гузаштаро дар шаклҳои устувораш нигоҳ дошта, дар тӯли қарнҳо аз насл ба насл мегузарад. Навоварӣ бошад, таҷрибаи мазкурро дар шароити нави фаъолият шарҳу таъбир дода, вазифаҳои тозаи онро муайян менамояд. Аз ин рӯ, ҳар ду вазифаи механизми анъана дар ягонагии диалектикӣ ташаккулу такомул меёбанд.
Хусусиятҳо
вироишЯке аз хусусиятҳои ҷавҳарии механизми анъана шарҳу таъбир аст. Барои он ки арзишҳои фарҳангии наслҳои гузашта дар шароитҳои доимотағйирёбандаи фаъолияти инсонӣ амали пурмаҳсули худро идома диҳанд, мазмуни онҳо дар ҳудуди шаклҳои устувор доимо аз нав шарҳу таъбир меёбанд. Азбаски таъбир характери субъективӣ дорад, аз ин рӯ, он дуруст ё ғалат, васеъ ё маҳдуд, прогрессивӣ ё иртиҷоӣ буда метавонад. Субъект маҳз ба воситаи он муносибати худро бо ин ё он мероси гузашта ва насли гузашта муайян мекунад. Агар таъбир, аз як тараф, воситаи ҳалли масоили замона бошад, аз тарафи дигар, мазмуни меъёру арзишҳои фарҳангиро ғанӣ гардонда, ба онҳо умри дубора мебахшад.
Анъана хусусияти алоқаи иҷтимоии дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҳукмронро дар механизми худ инъикос менамояд. Мувофиқи шаклҳои алоқаи иҷтимоӣ ду навъи анъана – классикӣ ва замонавӣ вуҷуд дорад. Хусусияти нави классикии анъана (дар форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодии токапиталистӣ) дар он зоҳир мешавад, ки ҳангоми эҳёи арзишҳои анъанавӣ муносибати танқидӣ ба мазмуни онҳо ё вуҷуд надошт (мас., дар соҳаи дин) ё дар шакли тамоман маҳдуд зоҳир мешуд. Аз ин рӯ, лаҳзаи консервативӣ бартарӣ дошт ва шаклҳои мазмунии инкишофи фаъолият суст буд.
Хусусияти навъи замонавии анъана дар он ҳувайдо мешавад, ки таҷрибаи иҷтимоии наслҳои гузашта мувофиқи шароитҳои тағйирёфтаи фаъолият ва масоили нави иҷтимоӣ таъбир карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми амали ин навъи анъана арзишҳои фарҳангӣ дар лаҳзаи эҳё гарчанд шаклан бетағйир монанд ҳам, мазмуни онҳо доимо бошуурона ва аз нуқтаи назари танқидӣ аз нав таъбир карда мешавад. Дар ин ҷо таъбир ҳар чӣ бештар хусусияти илмӣ мегирад. Бинобар ин навоварӣ дар навъи мазкури анъана мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Бояд қайд кард, ки шакли классикии анъана дар замони ҳозира низ дар шакли тағйирёфта амал мекунад. Он махсусан дар соҳаи фарҳанг (фолклор, идҳои халқӣ, расму оинҳо, урфу одатҳо, маросимҳо, арзишҳои этикию эстетикӣ ва ғайра) равшан зоҳир мегардад. Он таҳти таъсири пешрафти иҷтимоӣ тағйир ёфта, хусусиятҳои замонавӣ касб мекунад. Мас., Иди Наврӯз, ки мо онро имрӯз ҷашн мегирем, ҳам шаклан ва ҳам мазмунан бисёр хусусиятҳои нави замонавиро касб намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Власова В. В., Традиция как социально - философская категория, маҷ. «Философские науки», 1980, №4;
- Власова В. В., Исторические типы отношения общества к традиции, маҷ. «Философские науки», 1984, №5.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.