Наврӯз

ҷашнҳои миллӣ
(Тағйири масир аз Иди Наврӯз)

Наврӯз (форсӣ: نوروز‎) — нахустин рӯзи соли хуршедии эронӣ баробар бо якуми фарвардинмоҳ, ҷашни оғози соли нави эронӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷомонда аз даврони Эрони Бостон. Хостагоҳи Наврӯз дар Эрони Бостон аст ва дар манотиқи васеъе дар Осиё ва дигар нуқоти ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Замони баргузории Наврӯз, эътидоли баҳорӣ ва дар оғози фасли баҳор аст.

Наврӯз
Сана 1 Фарвардин[d][1], эътидоли баҳорӣ[d][1], 21 март ва эътидоли баҳорӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Дастархони наврӯзӣ
Сумалак

Вожашиносӣ

вироиш

«Наврӯз» дар форсии дарӣ бозмонда аз «nōg rōz» {nwk rwc} дар порсии миёна аст, ки он аз «*navaka-raocah-» дар эронии бостон рӯидааст. Наврӯз яъне рӯзи нав. Аммо ниёгонамон ин рӯзро оғози соли нав медонистанд ва солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз мекарданд. «Соли нав» дар забонҳои миёнаи эронӣ истилоҳе баргирифта аз «*navaka-sarda-» дар эронии бостон будааст. Чунончи, хоразмиён Соли навро «Nāwsārjī» [nʼwsʼrjy], суғдиён «Nāwsarδ» [nʼwsrδ] ва балхиён «Nōgsarδ» [νωγοσαρδο] мехондаанд, ки агар яке аз ин истилоҳот дар форсии дарӣ вом гирифта мешуд, дар он «Навсол» мегашт. Дар забони яғнобӣ ҷашни Наврӯзро ҳамакнун ҳам «навасол» мегӯянд.

Таърихи Наврӯз

вироиш
 

Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Пайдоиши Наврӯз мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ

вироиш

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осору-л-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст, ки

«чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд»

. ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки

«Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст»

.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайхон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки — ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

«Наврӯзнома»-и Умари Хайём

вироиш
 
Наврӯз, Бузкаши
 
 
 
Наврӯз дар назди ҳайкали А. Рӯдакӣ

Дар рисолаи «Наврӯзнома» нисбат дода ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Ва қиссаи он чунон аст, ки

«чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳи биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Муъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд.

Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи Қоф баргузаранд. Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст. Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) суббот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд.

Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро.»

Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипари кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштари бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро аз баҳри он, ки ҳар кас ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд.

Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше си рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзи аст, «соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррами кардан ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шоддӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат қабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ қабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он ойин мерафтанд то ба рӯзгори Нуширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт: «Ин ойин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат, ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар қабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан. Дар бораи ба вақти мизони баҳор овардани иди Наврӯз дар замони Хилофати араб кӯшишҳои зиёде карданд ва оқибат ба вақти таърихии худ баргардониданд. Танҳо соли 392 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар натиҷаи ҳар чаҳор сол якрӯзӣ ақиб мондан ба аввали ҳамал расид.[2]

Таърихи пайдоиши маросими Наврӯз

вироиш
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осору-л-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки

  «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст»
 

ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки

  «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст»
 

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

 

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
 

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои I, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнавиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тило зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осору-л-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки — ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осору-л-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

«Наврӯзи омма»

вироиш

Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро „Наврӯзи кучак“, „Наврӯзи омма“ ва „Наврӯзи сағир“ гуянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алаҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзе гуфтаанд, ки Ҷамшед, км ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабон ӯро Манушалх мегуянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ, гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода, бар он тахт биншаст.[3]

Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд „ин рӯзи нав аст“ ва чун ба забони пахлавӣ шуоъро „шед“ мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд». Мӯҳраз аст, ки агар ҳам дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба Наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мусталзами он набуд, ки оҳоди раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун раволи зиндагии аксарияти заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамон ки сездаҳи Наврӯз ба cap мерасид, ба таври ҷиддӣ кӯшишҳои вақфанопазиру бетакаллуфи худро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин кассе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда» вобаста ба ин расм мегӯяд:

 

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
 

«Наврӯзи хурдод» ё «Наврӯзи бузург»

вироиш
 

Нахустин пешомади муҳими ин рӯз таваллуди Зартушт — пайғамбари ориёист, ки ба эътикоди пайравони он диёнат мабдаи некиҳост, ҳарчанд ки замони зуҳури вайро муҳаққиқон дар авохири ҳазораи дувуми пеш аз мелод (байни 1150 то 1100 пеш аз мелод) мешуморанд. Мусалламан ба суҳулат наметавон дар бораи он сухан гуфт, вале бинобар эътиқоди эрониён, рӯзи муқаддас аст охирин рӯз, рӯзи ҷашни бузурги Наврӯз аст, ки «Наврӯзи хурдодӣ» ё «Наврӯзи бузург» ва «Наврӯзи хосса» хонда мешавад ва зартуштиён бо баргузории ҷашни мелоди паёмбарашон дар ин рӯз ба ҷашнҳои наврӯзӣ поёни зебо мебахшанд. Дар ин бора, ки аз чӣ замоне «Наврӯзи хурдодӣ» баргузор мешавад, чизе мамедонем. Шояд пас азислом ин ҷашн арзишу баҳои вижа ёфтааст. Дар матни паҳлавии «Моҳи фарвардин — рӯзи хурдод» Урмузд дар посухи Зартушт, ки мепурсад: «чаро мардумон хурдодрӯзӣ фарвардинмоҳро аз дигари рӯзҳо гиромитар медоранд?» мефармояд: зеро ба хурдодрӯзи фарвардин ба ҷаҳониён ҷон додаму дар ин рӯз Эрону Анэрон надид омадаанд, Каюмарсу Ҳушанг андар ҷаҳон ба пайдои омадаанд ва дар ҳамин рӯз Каюмарс Арзурро бикушт ва Ҳушанг Аҳримани дурӯғро барои муддати си сол аспи савории худ кард. Рӯзи шашуми фарвардин буд, ки меҳру меҳрбонӣ аз замин фароз растанд ва Ҷам ба ҷаҳон ҷавонии бепоён бахшид ва барои мурдагон устудонҳо сохт. Дар ин рӯз Фаридун ҷаҳонро тақсим кард. Рум ба Салм дод ва Тӯрон ба Тӯру Эроншаҳр ба Эраҷ. Рӯзи шашуми фарвардин чанд мазҳари номардӣ ба дасти мардумон кушта мешаванд, аз он ҷумла Ажидаҳок ба дасти Соми Наримон ва Афросиёби Тӯронӣ ба дасти Кайхусрави Сиёвушон ва дар ин рӯз Кайхусрав бо шукӯҳи тамом ба гаразмон (биҳишт) шуд. Ва дар ин рӯз Манучеҳру Ораши шевотир бахше аз Эронзаминро, ки ба тасарруфи Афросиёб даромада буд, аз ӯ боз ситаданд ва бар пояи диловарии афсонаии Ораш яке аз зеботарин афсонаҳои миллии Эронӣ бостон пардохта шуд. Дигар аз вуҷӯҳи тақдиси ин рӯз он ки дар хурдодрӯзи моҳи фарвардин Зартушт мероҷ кард ва ба ҳампурсигии Урмузд расид. Дар ин рӯз Зартушт фармони паёмбарӣ гирифт ва дар ин рӯз пуштибони оузурги ӯ — Гуштосп ойини ӯро пазируфт.

Ба далоили мазбур, рӯзи шашуми фарвардин барои эрониёни бостон аз арзиши вижае бархурдор аст ва беҳуда нест, ки ин рӯзро пас аз ҷашнҳои панҷаи нахусти фарвардин «Наврӯзӣ бузург» хонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Абӯрайҳони Берунӣ худ аз рӯзи шашуми фарвардин ба номи «Наврӯзӣ бузург» ёд мекунад. Ин гузориши ӯ ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки менависад:

«ин аъёдро шаш бахш намудаанд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд ва панҷаи дувумро ба ашроф ва панҷаи севумро ба хадама ва коркунони подшоҳон ва чаҳорумро барои надимон ва дарбориён ва панҷаи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашумро барои барзгарон»

. Оё рӯзи аввали панҷаи дувум (Хурдодрӯз), ки рӯзи аввали иди ашроф аст, худ ба худ ончунон арҷманд буда, ки бе дар назар гирифтани арҷи шоҳону ашроф «Наврӯзӣ бузург» хонда шудааст? Хурдодрӯз ба номи як рӯзи вижа арҷу баҳои ҷоуфтодае доштааст ва чун ин бахшбандӣ хамонандии зиёде ба бахшбандии (табақотии) Сосониён дорад, ба осонӣ метавон куҳнагии эътибори хурдодрӯз ва Наврӯзи хурдодӣ ё Наврӯзи бузургро ақаллан то замони Ашкониён ақиб кашид! Абӯрайҳон дар идомаи гузориши худ бархилофи ончи, ки пештар омад, бо ривояти дигаре, ки аз ӯст, андак тафовуте меёбад бад-ин гуна, ки ба ҷои тақсими моҳ ба шаш бахш фақат шаш рӯзи нахусти моҳи фарвардинро дар миёни асҳоби ёдшуда бахш мекунад:

«ойини Сосониён дар айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз бори омро шурӯъ мекард ва мардум эълом менамуд, ки ҷулус кардааст, то ба эшон некӣ кунад ва рӯзи дувумро барои деҳқонон, ки қадре мақомашон болотар аз туда буд, ҷулус мекард ва хонаводаҳо низ дар ин қисмат дохил буданд ва рӯзи севумро барои сипоҳиён ва бузургони мӯбадон ҷулус мекард ва рӯзи чаҳорумро барои аҳли байт ва наздикон ва хоссони худ ва дар рӯзи панҷум барои хонавода ва хадами худ ва чун рӯзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт ва ҷуз аҳли унсу ашхосе, ки сазовори хилватанд, касе дигарро намепазируфт ва дар ин рӯз ончиро, ки дар рӯзҳои гузашта барои шоҳ ҳадя оварда буданд, амр ба эҳзор мекард ва ончи мехост, тафриқ мекард ва мебахшид ва ҳарчи, ки қобили забт дар хазона ва тавдеъ буд, нигах медошт.»

Боре, ки дар панҷ рӯзи нахусти сол ҳақҳои ҳашам ва лашкарро мегузорданду ҳоҷати онҳоро раво мекарданд ва чун Наврӯзӣ бузург фаро мерасид, зиндониёнро озоду муҷримонро афв менамуданд ва аз он пас ба айшу нӯш мепардохтанд. Ин тақсимбандӣ ба қавли Ҷоҳиз, дар замони Ҷамшед ва ба қавли Абурайҳон, баъд аз Ҷамшед ва зоҳиран дар замони Сосониён ҳодис шудааст.[4] Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хидматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хидмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд — писари Шопур (соли ҳукмрониаш 272—274) будааст. Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661—750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд.

Наврӯз дар даврони ҳукумронии араб

вироиш
 

Биё, ки иди араб ҷуфт шуд ба иди Аҷам,

Расид лашкари Наврӯз в-азҳо аз пайи ҳам.
Ду рӯзи фаррух тавъам ба якдигар гаштанд,
Чунон ки давлату дин шуд ба якдигар тавъам.
Ливои оли Халилу дирафши Афредун
Фароштанд ба як ҷо бар осмон парчам…
Адибулмамолик Фароҳонӣ (1860—1917)
 

Дар манобеи таърихӣ аз се гуна Наврӯз низ ёд шудааст, ки ба номҳои «Наврӯзи муътазидӣ», «Наврӯзи азудӣ» ва «Наврӯзи султонӣ» машҳур шудааст. Инак, дар зайл ба ҳар кадом ишорате мешавад. Нахуст «Наврӯзи муътазидӣ» аст, ки ёдгори даврони хилофати Алмӯътазидулбиллоҳ (279—289ҳ.) ва ба «соли 279 ҳиҷрӣ» маъмул шудааст. Тавзеҳ он ки дар аҳди Аббосиён бинобар расми даврони Сосонӣ, молиётҳоро дар аввали сол ҷамъ мекарданд ва корҳоро аз Наврӯз оғоз менамуданд, вале чунонки маълум аст, чун аз аҳди Нӯшеравон ба баъд кабиса анҷом нашуд, солҳо ба гардиш уфтоданд ва Наврӯз аз мақоми аслии худ, яъне аз нуқтаи эътидоли рабеӣ дур шуд ва амри вусули молиёт мухтал гардид. Ба ҳамин сабаб Алмутаваккилуллоҳ фармони кабиса кардани солҳоро дод ва чун ӯ кушта шуд (247ҳ.), чанде баъд Алмӯътазид кори ӯро дунбол кард ва чун кабиса анҷом гирифт, Наврӯзро ба ёздаҳуми ҳазирони румӣ ва аввали хурдодмоҳи пореӣ оварданд ва ин Наврӯз «Наврӯзи мӯътазидӣ» номида шуд.[5]

Дигар «Наврӯзи азудӣ» аст, ки ба Азудуддавлаи Дайламӣ мансуб аст. Азуддавлаи Паноҳхусрав ва ё, ба қавли араб — Фанохусрав, бонии ду чашн аст, ки зоҳиран дар дарбору замони ӯ мутадовил буд: яке дар «сурушрӯз» (рӯзи ҳабдаҳум) аз фарвардинмоҳ ва дигаре дар «ҳурмузрӯз» (рӯзи аввал) аз обонмоҳ.Ҷашни нахустин ба иллати расонидани об ба касабаи Карду Фаннохусрав (имрӯза дар наздикии Шероз) аст. Касабаи мазкурро Азидуддавлаи Дайламӣ эҳдос кардааст. Дувумин ҷашн ба иллати оғоз кардани ободонии ҳамон касабаи Карду Фанохусрав аст дар аввали обонмоҳи 333 яздигурдӣ (ҳудуди 349ҳ.)- Дар оғози ҳар яке аз ин ду ҷашн бозоре ҳафтрӯза ҳамроҳ бо лаҳву шурбу айшу ишрат тартиб меёфт, шабеҳи бозорҳое аз ҳамин ҷабил, ки дар қолиби шаҳрҳои марказии Урупо тартиб медиҳанд.[6]

Се дигар «Наврӯзи султонӣ» аст, ки натиҷаи ислоҳи тақвим ва кабиса кардани солҳост ба таърихи 467ҳ. бавасилаи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ва ҳамкорони вай, ки ҳосили он боз овардани Наврӯз ба нуқтаи эътидоли рабеӣ буд ба аҳди султон Маликшоҳи Салҷуқӣ. «Наврӯзи султонӣ» ҳамонест, ки инак, қарнҳост дар Эрон маъмулу мутадовил аст ва бар ҳамон асос ва пояи бунёдини Наврӯз устуворӣ ёфтааст.[7] Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолиддин Маликшоҳи Салҷуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад. ҳазорсолаҳост, ки қавмияту миллатҳои гуногун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле ки бошанд, Наврӯзро бо ҳама расму русумаш дар хонаву кошонаҳои хеш ҷашн мегиранд. Иди Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Саранҷом гирд омадан сари суфраи наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузорӣ ва ғазалхонӣ ва таронагӯӣ ва нағмапардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабс кардан ва хомуш мондан ва чашм бар обу оина ва шамъи фурузон ва сабза ва гули шукуфон ва шиноварии моҳиён духтан то рӯйдоди бузург ошкор гардад ва замону ҷаҳони бошукӯҳтар ҷои ошубу ғами поринаро бигирад, нуқтаи авҷи ин сурур аст. ғайр аз ин, дар айёми наврӯзӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба хусус гуштингирӣ аз фараҳангезтарин саргармиҳост.

Маросимҳо

вироиш

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама то оғози Наврӯз дар ташту лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш зада, мисли сабза медамад ва баъди ба қадри панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофи он пораи матоъи сурх — алвон баста шуда, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад.

Ҳафтсин

вироиш
Мақолаи асосӣ: Ҳафтсин

Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони «ҳафтсин» низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ — аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум — рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко — дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид — меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка — сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир — тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак — рамзи фаровонию осудагӣ. Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро молие аст.

Қабл аз ҳама донаҳои гандум ба зарфи ҳамвори фулузӣ гузошта шуда, ба рӯи он об мепошанд ва болои он бо матоъи сафед — дока пӯшонида мешавад, ин се рӯз идома меёбад. Баъд ниҳолҳои сабзидаро бо корд хеле хурд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова менамоянд ва ба дег андохта бо кафлес банавбат ковиш медиҳанд. Ин анъана сирф аз ҷониби занҳо анҷом дода мешавад ва дар арафаи иди наврӯз сурат мегирад. Занҳо ҳангоми ковидани суманак суруд мехонанд, ки нақароташ ин аст:

 

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,

Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
 
Ҳафтшин
вироиш

Ба ақидаи дигар, дар баробари дастархони «ҳафтсин» омода намудани дастархони «ҳафтшин» низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб.

Ҳамин тариқ, баъзан вақт то субҳи содиқ маросими суманакпазӣ идома меёбад ва ин одати ориёӣ асрҳои аср идома ёфта, то замони мо расидааст.

Хонатаконӣ
вироиш

Маросими дигаре, ки дар иди Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, «хонатаконӣ» ном дорад ва яке аз ҷузъҳои муҳиму ҳатмии ин ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Ин одат чунин аст, ки дар арафаи ид тамоми ҷиҳози хона шуставу пок карда карда шуда, ашёи кӯҳнаю фарсуда аз хона берун карда мешавад, дару девори хонаҳо тармиму рангубор карда шуда, ба қадри имкон асбоби рӯзгор бо намунаҳои нав иваз карда мешаванд, дар хона гулу хушбӯиҳо гузошта мешаванд, пардаи тирезаҳо ва тамоми ашёи матоъгин шустаю дарзмол ва ба тартиб дароварда мешаванд. Ҳар касе ба андозаи имконоти худ меваю сабзавот, қанду қурсу ширинӣ, мағзу мавиз, шарбату хӯришҳои гуногун харидорӣ менамояд ва дар ҳар хонадон дастархони идона ороста мешавад.

 
Навруз-2013 Либоси идии кӯдакон

Аз омадани Наврӯз кабл аз ҳама кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар авоили даҳаи дуввуми мохи морс аз сӯи гурӯҳе аз кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияхгуш, бойчечак ё наврӯзӣ доранд, иҷро мешавад. Ин кӯдакон ба ҳар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърҳое фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегуянд. Соҳибхонаҳо гулро ба чашму абрӯвон молида, ба гулгардонҳо қадри ҳиммат чизе ҳадя мекунанд. Гулгардонӣ дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон бо номи Бойчечак (Бойкандак) машҳур аст. Сурудҳои «Гули сияҳгӯш», «Баҳор омад», «Баҳори лолазор омад» ва ғ. баҳори хуррам, бедории табиат, равнақи кори деҳқон, шодмонӣ ва умеду орзуи мардумро акс мекунанд. Сурудҳо бо оҳанги фораму дилкаши халқӣ сароида мешаванд. Сарбайтхон дар даст гулдаста пеш-пеши гулгардонҳо сарбайт мехонад ва дигарон мисраи гардонро такрор мекунанд.

 
Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бите ба дасти гулгардон,
Ҳама:
Баҳори, нав муборак бод!
Ё худ сарбайтхон:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯи химчак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.
Сарбайтхон:
Бӯи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.
халқӣ
 

«Даҳи наврӯз»

вироиш

Анъанаҳои зебою пур аз ҳикмати тоҷикон дар айёми Наврӯзи навбаҳорон беҳисобанд. Аз ҷумла, ниёгони мо аз қадимулайём дар ин давра анъанаеро ба ҷо меоранд, ки дар кӯҳистон бо номи «Даҳи наврӯз» маъруф мебошад. Дар "Даҳи наврӯз мардум тамоми ҷиҳози хонаро берун бароварда, хонаро сафед намуда, аз кӯрпаву палос сар карда, ҳама лавозимоти рӯзгорро мешустанд, метаконданд ва дар берун меовехтанд, то шуълаи офтоб онҳоро безарар гардонад. Барои онҳо Наврӯз, пеш аз ҳама, поккорӣ, ба тартиб овардани манзилу кошона ва деҳу маҳаллаҳо арзёбӣ мешуд. Рамзист, ки дар ин давра бонувони хонадон дару тирезаҳои хонаро кушода мемонданд, то ба хона нурҳои тилоранги офтоб ҳар чи зиёдтар ворид гарданд ва давоми сол манзили онҳо пур аз шодию нишот бошад. Онҳо дегу табақи мисини хонаро бо регҳои обшустаи соҳил шустушӯ намуда, соиш медоданд, то ин зарфҳо ба мисли тило ҷилоноку зебо шаванд. Зарфҳои кӯҳнаю фарсудаи хонаро мепартофтанд, то ҳама ноомадиҳои соли рафтаро ҳамроҳи онҳо аз манзилашон берун кунанд.[8]

Ривоят

вироиш

Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар мохи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Рӯзи якуми Фарвардинро рузи якуми баҳор — саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз иди даромадани баҳор, саршавии киштукор мебошад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепушанд ва орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд.

Дар қадим олимон аз донаҳои зироат сабзахо тайёр ва ба воситаи онҳо ҳосилнокии зироатхри соли навро пешгуи мекарданд. Дастархони наврӯзӣ ғанитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширини, шарбат, май, нон, меваҷот мугузоранд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санҷид, сирко, сим, сабза, сабзӣ, ки ишора ба хафт амшосипандон — фариштагони бузург аст. Панҷ рӯзи аввали Наврӯз ба арводи фраврҳо бахшида мешавад. Дар ин рузхо қабристонҳо пок мекарданд, дар онҳо қурбонихо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рӯзхо арвоҳи гузаштагон аз осмон ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоҳ мишаванд ва барои он, ки онҳоро фаромуш-накарданд, изҳори қаноат менамоянд ва ба авлоди худ кумак мекунанд. Панҷ рӯзи дуюмро мардуми шаҳру деҳот бо тую тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишй мебахшиданд. Панҷ рӯзи сеюмро мардум дар дарбори шоҳҳо бо тантана ҷашн мекарданд ва боқимонда 15 рӯзи дигарро дар саҳро ба сайри наврӯзӣ мебахшиданд.

Баргузории иди Наврӯз

вироиш
 
Наврӯз — 2013 дар ДМТ Душанбе

19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид[9].

Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 март-24 март — дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.[10]

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон — 21 март; Эрон — аз 20 то 23 март; Озарбойҷон — аз 20 то 26 март; Қазоқистон — аз 21 то 24 март; Туркманистон — аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбекистон — 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) — аз 20 то 23 март; Косово — 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[11]

Наврӯз дар Тоҷикистон

вироиш
Акс:Иди Наврӯз дар боғи "Ирам". Душанбе.jpg
Наврӯз дар боғи «Ирам» Душанбе
 
 
Наврӯз дар назди ҳайкали А. Рӯдакӣ

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзҳои 21 март — 24 март — Иди байналмилалии Наврӯз (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.10 с., № 611) эълон намудааст.[12]

21 март — 24 март — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзҳои истироҳат муқаррар шудааст.

Ашъор дар васфи Наврӯз

вироиш

Дар васфи Наврӯз шоирони форсу тоҷик шеърҳои зиёд эҷод кардаанд:

  Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
 
  Наврӯз, эй паёми пагоҳии рӯшанӣ,
Дарвозаҳои баста ба рӯят кушодаем.
Дар хонаи такидаи худ аз ғами ҷаҳон
Пеши ту боз суфраи рӯзӣ ниҳодаем.
Наврӯз, эй навиди кулангии навбаҳор,
Эй муждаи шукӯҳи фурӯзони лолайӣ!
Фархундапай биё, ки ба роҳат задем об,
Нӯшем май барои ту як-ду пиёлайӣ.
Наврӯз, эй ҳамешабаҳор, эй ҳамеша сабз,
Эй такдарахти рустаи тагрешаи Аҷам!
Сабзидаӣ ба шохи тари худ фаротарин
Гул-гул пур аз шукуфа аз андешаи Аҷам.
Аз орзуи бахт ҳазорон ҳазор сол
Меҷӯшад ормони ту дар хуни тоҷикон.
Наврӯз – зодномаи фарҳанги Бохтар,
Наврӯз – зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон!
 

[13]

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯз

вироиш

Бино бар маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳамакнун дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои таътил ба шумор меравад[11]:

Дар Тоҷикистон фаро расидани Наврӯзро аз 21 март то 24 март ҷашн мегиранд[10]. Дар дигар кишварҳо Наврӯз дар ин рӯзҳо ҷашн гирифта мешавад:

Инҷоро ҳам нигаред

вироиш
  1. 1.0 1.1 Муъин М. فرهنگ فارسی معینAmir Kabir Publishers, 1972.
  2. ОҒОЗИ КИТОБИ "НАВРЎЗНОМА" Умари ХАЙЁМ(тоҷ.). harakat.tj. 31 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2019.
  3. „Наврӯзи омма“(пайванди дастнорас)
  4. «Наврӯзи хурдод» ё «Наврӯзи бузург»(пайванди дастнорас)
  5. «Наврӯзи муътазидӣ»(пайванди дастнорас)
  6. «Наврӯзи азудӣ»(пайванди дастнорас)
  7. «Наврӯзи султонӣ»(пайванди дастнорас)
  8. «ДАҲИ НАВРӮЗ» — АНЪАНАИ ҚАДИМИ ТОҶИКОН.(тоҷ.). www.khovar.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2020.
  9. Международный день Навруз 21 марта. www.un.org. ООН. 23 феврали 2021 санҷида шуд.
  10. 10.0 10.1 Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 1 августи 2021  сол.
  11. 11.0 11.1 Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш. Нашрияи ДМТ. — 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  12. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қонунҳо ва қарорҳо.. 8 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 августи 2021.
  13. Раҳмат Назрӣ, НАВРӮЗ
  14. http://english.irib.ir/radioculture/occasions/national-occasions/item/80534-tajikistan-holds-3rd-international-nowruz-celebrations%7Ctitle=BBCPersian.com
  15. 15.0 15.1 15.2 15.3 15.4 http://www.bank-holidays.com/holidays.php?
  16. нусхаи бойгонӣ. 27 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 май 2007.