Анӯшервон ибни Манучеҳр (? — 1043) — фаронравои Гургону Табаристон аз хонадони Зиёриён (1031–1050), писари Манучеҳри Зиёрӣ.

Анӯшервони Зиёрӣ
1030 — 1031
Пешгузашта Манучеҳри Зиёрӣ
Ҷонишин Bakalijar[d]
1042 — 1044
Пешгузашта Bakalijar[d]
Ҷонишин Q97199895?
Даргузашт 1040-ум
Дудмон Зиёриён[d]

Ҳукмронӣ

вироиш

Солҳои 1031—1043 баъд аз падараш Манучеҳр ҳукмронӣ кардааст. Чун Анӯшервон хурдсол буд, зимоми умури кишварро тағояш Абуколиҷор дар даст гирифт. Дар оғоз Абуколиҷор ба назди султон Масъуди Ғазнавӣ намоянда фиристод ва салтанати ӯро эътироф намуд. Соли 1033 Масъуд ба Ҳиндустон лашкар кашид ва Абуколиҷор аз ин мавқеъ истифода намуда, бар зидди Масъуди Ғазнавӣ исён бардошт. Баъд аз бозгашт аз Ҳинд дар соли 1034 Масъуд барои саркӯбии Абуколиҷор сӯи Гургон ҳаракат кард. Абуколиҷор ва Анӯшервон Гургонро тарк намуда, ба Рай паноҳанда шуданд. Дар набарди маҳали Нотили Омул онҳо аз сипоҳи Масъуд шикаст хӯрданд ва султон онҳоро авф кард. Баъд аз шикасти Султон Масъуд аз тарафи артиши Туғрули Салҷуқӣ Анӯшервон аз тобеияти Ғазнавиён берун шуда, Абуколиҷорро дастгир ва зиндонӣ кард. Туғрули Салҷуқӣ аз ин воқеа огоҳ шуда, соли 1041 ба Табаристон лашкар кашид. Анӯшервон, ки наметавонист дар муқобили Туғрул муқовимат кунад, чорае ҷуз тобеият надид. Минбаъд силсилаи Оли Зиёр инқироз ёфт.

Адабиёт

вироиш