Анӯшервон ибни Холид
Анӯшервон ибни Холид ибни Муҳаммади Кошонӣ (форсӣ: انوشیروان بن خالد بن محمد کاشانی; 1066, Кошон — 1137, Бағдод) — давлатмард, адиб ва таърихнигори форс-тоҷик.
1132 — 1134 | |
1132 — 1134 | |
Пешгузашта | Абулқосими Даргузинӣ |
Ҷонишин | Абулқосими Даргузинӣ |
1135 — 1136 | |
Таваллуд |
1060-ум |
Даргузашт | 1130-ум |
Эътиқод | ислом |
Эзоҳ
вироишЗиндагинома
вироишДар зодгоҳаш таҳсил кард ва чун шахси донишманд шуҳрат ёфт. Дар дарбори ҳукумронони давраш хидмат мекард ва то ба дараҷаи вазирӣ расид. Дар манбаъҳои таърихиву адабӣ чун вазири донишманд ботадбир, шахси дар назму насри форсӣ ва арабӣ барӯманд сутуда шудааст. Махсусан, ба ашъори арабиаш баҳои баланд додаанд. Таърихи хонадони Салчуқиёни Ироқро дар асаре бо номи «Нафсату-л-масдур ва футуру замон-ас-судур ва судуру замон-ал-футур» ба забони форсӣ нигоштааст. Ин китобро Имоди Котиб (1125—1200) ба арабӣ гардонд. Адибу таърихнигор Қивомуддин Фатҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммади Бундорӣ (асри 13) асари Анӯшервонро ба шакли талхис (хулосакардашуда) ба хонанда пешниҳод кардааст. Ҳангоми дар мансаби вазирӣ будан Анӯшервон нисбат ба адибону аҳли эҷод ғамхор буд. Ҳарирӣ «Мақомот»-ашро бо дастгириву сарпарастии Анӯшервон иншо кардааст. Анӯшервон дар Кошон китобхонаи бузурге дошт, ки то соли 1275 боқӣ будааст.
Адабиёт
вироиш- Анӯшервон ибни Холид / С. Воҳидов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.