Апекс
Апекс (лот. apex — қулла, авҷ) — дар астрономия нуқтаи сфераи осмонӣ, ки системаи Офтоб ё Замин ба сӯи он ҳаракат мекунад.
Апекси ҳаракати солонаи Замин дар гирди Офтоб дар ҳамвории эклиптика хобида, нисбат ба самти Офтоб қариб амудӣ аст. Апекси ҳаракати асрии системаи Офтоб нисбат ба ситораҳои наздиктарин дар бурҷи Ҷосӣ (Геркулес) воқеъ аст. Нуқтаеро, ки мадори радифи маснӯи Замин аз ҳамвории экватори Замин дар масофаи дуртарин воқеъ гардидааст (ба самти шимол), низ апекс меноманд.
Антиапекс
вироишАнтиапекс (аз анти … ва апекс), нуқтаи сфераи осмон, ки муқобили апекс аст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Антиапекс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Сарчашма
вироиш- Апекс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.