Аппендикулярҳо
Аппендикулярҳо (лот. Appendicularia) — як радаи ҷонварони хордадор.
Аппендикулярҳо | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tunicata.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Appendicularia Fol, 1874 | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||||
|
Аппендикулярҳо ҷонварони хурд (то 1 см) буда, дар баҳрҳо ҳаёт мегузаронанд. Тани аппендикулярҳо аз хорда, торҳои асаб ва ҳуҷайраҳои мушакӣ иборат аст. Дар ҳалқумаш як ҷуфт сӯрохии ғалсама дорад. Аппендикулярҳо ҷонварони бемақъад (клоака) мебошанд. Дар сатҳи бадани аппендикулярҳо «ҳуҷраи» атоламонанд мавҷуд аст, ки ҷисми ҳайвонро пурра фаро мегирад. Аппендикулярҳо дум ҷунбонда, обро ба воситаи сӯрохии пеш, ки дорои полояк аст, ба даруни ҳуҷра тела медиҳанд. Микроорганизмҳое, ки аз полояк мегузаранд, барои аппендикулярҳо ғизо мебошанд. Аппендикулярҳо ҳуҷраи кӯҳнаи ифлосро партофта, онро ба ҳуҷраи нав иваз мекунанд. Аппендикулярҳо асосан дар қабатҳои болоии ҳамаи баҳру уқёнусҳо маскун шудаанд. Бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Бидуни метаморфоз инкишоф меёбанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аппендикулярҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.