Аравон (марказ)
Аравон — деҳа, маркази маъмурии ноҳияи Аравони вилояти Ӯши Қирғизистон. Воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим.
Деҳа | |
қирғ. Аравон | |
Кишвар | Қирғизистон |
Вилоят | Ӯш |
ноҳия | Аравон |
Деҳистон | Юсупов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+6:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 22450 тан (2023) |
Миллият | ӯзбекҳо, қирғизҳо ва ғ. |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | қирғизӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 723100 |
|
Саноати хӯрокворӣ, сабук ва орд руш кардааст. Аксарияти аҳолӣ мусулмонанд.
Сарҳади Ӯзбекистон 5 километр дур аст. Гирду атрофро заминхои хоҷагии деҳот иҳота кардаанд. [1] Дар байни бостоншиносон Аравон бо расмҳои кӯҳии худ машҳур аст, ки дар он аспҳои машҳури водии Фарғона тасвир шудаанд [2] .
Аспҳои осмонии Фарғонаи қадим
вироишДеҳаи Араван, ки дар наздикии пойтахти ҷанубии Қирғизистон, шаҳри Ӯш воқеъ аст, бо расмҳои сангӣ, ки дар он "аспҳои осмонӣ"-и водии Фарғона тасвир шудаанд, машҳур аст.
Харобаи як шаҳраки бостониро, ки дар наздикии Аравони вилояти Ӯши Қирғизистон воқеъ аст, бархе аз пажӯҳишгарон боқимондаҳои яке аз пойтахти давлати Довон медонанд.
Дар кӯҳҳои гирду атроф кандакориҳои зиёди ҳайвоноти хонагӣ девори ғорҳо мавҷуданд.
Ғори Чил-Устун
вироишҒори Чил-Устун дар байни дарёҳои Аравон ва Оқ-Бура, дар қаторкӯҳи хурди карстӣ дар назди лагери пионерии Чорбоғ воқеъ аст.
Он аз ҷинсҳои таҳшинии давраи палеозой (синну сол — 350 миллион сол) таркиб ёфтаанд. Куллаи кӯҳи Чил-Устун аз водӣ 425 метр баланд мешавад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Архивированная копия(пайванди дастнорас — таърих). 24 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2014.
- ↑ Наскальные изображения Аравана хранят память о легендарных «небесных конях» древней Ферганы — Фергана.(пайванди дастнорас — таърих). 24 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 августи 2009.