Шоҳроҳи Абрешим (чинӣ: 絲綢之路, ӯзбекӣ: Buyuk Ipak Yo'li, форсӣ: جاده ابریشم‎, ар. طريق الحرير‎) - Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо пайванд мекард. Роҳи Абрешим ҳанӯз асрҳои то мелод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб аз Руми қадим ва дар Шарқ то ба салтанати Чин тӯл мекашид. Ҳамчунин, роҳи Абрешим тавассути Эрону Бохтар ва Суғдиёни қадим мегузашт. Дар ҳамон даврон нахустин василаҳои табодули иқтисодиву фарҳангии байни тамаддунҳои мухталифро давр зада, ба рушду нумӯи кишварҳои ин масири тиҷоратӣ мусоидат мекард.

Харитаи Роҳи бузурги Абрешим: дар қарни I Шоҳроҳи Абрешим Датсин ва Сересро пайваст мекард

"Роҳи бузурги Абрешим" дар асри II пеш аз милод ба миён омадааст.

Таърих ва таъсисёбӣ

вироиш

 

 
Намунаҳои абрешим аз сулолаи Хон

"Асри Заррин"-и Роҳи Абрешим

вироиш

Нақшаҳои барқароркунӣ

вироиш

Намояндагони вазоратҳои роҳу нақлиёти 19 кишвари Аврупову Осиё, аз ҷумла Чину Эрон, Русияву Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Женева ба хотири эҳёи Роҳи Абрешим ва дигар масирҳои қадими тиҷорат байни ин ду қитъа то соли 2014 43 миллиард доллар сармоягузорӣ намудаанд.

Ин нишаст бо ибтикори ESCAP ва UNECE, кумиссиёнҳои иқтисодии СММ дар умури кишварҳои Осиёву ҳавзаи уқёнуси Ором ва Аврупо баргузор шуд.

Аммо дар муқоиса ба ду ҳазор сол пеш, ки Роҳи Абрешим Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо пайванд мекард. Дар ин нишаст сухан перомуни эҳёи шабакаҳои муосири иртиботӣ, ба хусус роҳҳои нави оҳан меравад.

Дар Тоҷикистон

вироиш

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишвари хушкӣ будану дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштанаш ба эҳёи Роҳи Абрешим ҳаётан манфиатдор аст. Ба хотири пайванди бештар бо масирҳои умдаи тиҷоратӣ, аз ҷумла масирҳои воқеъ дар тӯли Роҳи қадими Абрешим, барномаҳое амал мекунанд, ки умдатаринашон сохтмони ҳанӯз ниматамоми роҳи КӯлобҚулмаҚароқурум ду тарҳи бузурги бунёди роҳи мошингард ва роҳи оҳан аз Тоҷикистон тавассути Ҳироти Афғонистон то шаҳри Машҳад, маркази тиҷоратии шарқи Эрон аст.

Мувофиқати усулӣ дар мавриди эҳдоси роҳи оҳан байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳанӯз дар тобистони соли 2006 дар мулоқоти руъасои ин се ҷумҳурӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд ва феълан тарҳи эҳдоси ин роҳ мавриди омӯзиши гурӯҳҳои корӣ қарор доштааст. Бар асоси тавофуқи бадастомада, қарор аст, ҳар кишвар он қисмати ин роҳи оҳанро, ки аз қаламраваш мегузарад, худаш бисозад. Эҳёи Роҳи Абрешим ҳалқаи феълан тангу буғикунандаи бунбасти иртиботиро барои Тоҷикистон сабуктар ва фосилаи роҳ то бозорҳои ҷаҳониро барояш камеи дигар камтар хоҳад кард.

Пайвандҳо

вироиш

Талоши эҳёи Роҳи Абрешим