Арафот
Арафот, Арафа (ар. عرفة) — номи кӯҳ ва водӣ дар наздикии шаҳри Макка. Дар Арафот Одам ва Ҳавво, ки аз биҳишт ба ҷойҳои гуногуни замин фурӯ омада буданд, дубора бо ҳам вохӯрда, якдигарро шинохтанд.
Таърих
вироишЯке аз тавҷеҳоти чунин ном гирифтани он ҷой низ ҳамин ҳодиса мебошад, зеро маънои Арафот «шинохтан, донистан» аст. Шӯҳрати Арафот марбут бо маносики ҳаҷҷи мусулмонон аст, зеро рӯзи Арафа, яъне 9 зулҳиҷҷа (як рӯз пеш аз иди Қурбон) вуқуф (истодан) дар Арафот барои ҳар як ҳоҷӣ фарз аст ва аз рукнҳои муҳимтарини ҳаҷ ҳисоб меёбад. Арафот дар Қуръон (2: 198) зикр шудааст. Ҳоҷиён дар Арафот он рӯз бо гуфтани «лаббайка» ва хондани дуоҳо машғул мешаванд ва намози пешину аср он ҷо мегузоранд. Арафот дар гунаи «арафа» дар забони тоҷикӣ ба ҷуз он чӣ гуфта шуд, боз маънои нав касб кардааст: рӯз ё замони қабл аз ҳар ҳодиса, бахусус ҷашнҳову идҳоро «арафа» мегӯянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арафот / М, Умаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.