Арбоби анвоъ (ар. ارباب الانواع‎ — ҷамъи ҳомӣ, фармонраво ва ҷамъи гуна) — дар ҳикмати ишроқия нури олӣ ва қоҳири улвия, ки дар олами барзах қарор дошта, муваккил ва ҳомию нигаҳбони яке аз суратҳои нави моддӣ мебошанд.

Дар ойини зардуштӣ онҳоро ҳамчун амшоспандон ва фариштагони ёвари Аҳура-Маздо мешиносанд, дар ойни масеҳӣ онҳоро «архангел» ва «архетип» меноманд, ки бо «мусули афлотунӣ» шабоҳати бисёре доранд, вале моҳиятан аз он фарқ мекунанд. Дар таълимоти ҳастишиносии Шиҳобуддини Суҳравардӣ аз «Нуру-л-анвор» аввал «нури ақраб» содир шуда, дар натиҷаи қаҳру муҳаббати онҳо «анвори тӯлӣ» ва «анвори аразӣ» ҳосил мешаванд. рбоби анвоъ ба табақоти анвори аразӣ мансуб буда, ҳар яке ба таври ҷудогона амал мекунанд ва ҳомию нигаҳбони суратҳои навъии олами моддӣ мебошанд. Онҳо байни олами нуронӣ ва олами зулмонӣ қарор доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Шиҳобуддин Яҳёи Суҳравардӣ. Маҷмӯаи дуюми мусаннифоти Шайхи Ишроқ, Т., 1331, ҳ. ш.