Шиҳобуддин Яҳёи Суҳравардӣ

Шаҳобуддин Абулфутӯҳ Яҳё ибни Ҳабаш ибни Амираки Суҳравардӣ (форсӣ: شهاب الدین یحیی بن حبش بن امیرک ابوالفتوح سهروردی‎; мулаққаб ба Шайхулишроқ ва Шайхулмақтул; 1155, Суҳравард, Эрон, Хилофати Аббосиён1191[1], Ҳалаб, Сурия, Хилофати Аббосиён) — файласуф, сӯфӣ, зоҳид, ориф ва фақеҳи форс-тоҷик, бунёнгузори фалсафаи ишроқӣ.

Шиҳобуддин Яҳёи Суҳравардӣ
араб. форсӣ: شهاب‌الدین سهروردی
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, нависанда, шоир
Таърихи таваллуд: 1155
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1191[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: суннӣ ва тасаввуф
Самти фаъолият: фалсафаи исломӣ, тасаввуф, фалсафаи машшоъ[d], фалсафаи ишроқ[d] ва фалсафа[2]
Ҷойи кор: Шоҳаншоҳии Эрон[2]
Устодон: Majduddin al-Jili[d]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои идомаи таҳсил ба Мароға сафар намуд, он ҷо аз устодаш Маҷдуддияи Ҷилӣ улуми динва ҳикматро омӯхт ва бо Фахруддини Розӣ шинос шуд. Ваъд ба Исфаҳон омад ва осори Абӯалии Сино ва «Басир»-и Ибии Саҳноро омӯхт. Суҳравардӣ китоби Абӯалии Сино «Ишорот ва танбеҳот», рисолаи «Ғайр»-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума карда, «Ишорот»-ро шарҳ дод. Китоби «Ғурбату-л-ғарбия»-ро дар идомаи рисолаи «Ҳай ибни Яқзон»-и Сино навишт. Дар Исфаҳон бо дастнависи китоби «Ҳашмату-л-матриқийин»-и ӯ шинос шуд ва аз он илҳом гирифта ба офаридани системаи нави фалсафӣ пардохт.

Таълимоти фалсафии Суҳравардӣ асосан дар китоби «Ҳикмату-л-ишроқ» (соли 1186) баён шудааст. Ақидаҳои фалсафии Суҳравардӣ таҳти нуфузи зардуштия, машшоия, навафлотуния ва калом ташаккул ёфтаанд. Дар синни тақрибан 36—З7-солагӣ бо фатвои фақеҳон ва амри Малик Салоҳуддини Аюбӣ Суҳравардӣ ба куфру илҳод муттаҳам шуда, дар қалъаи Ҳалаб ба қатл расид.

Адабиёт

вироиш