Арбоб (деҳа, н. Ғафуров)

Арбоб — деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Унҷӣи ноҳияи Ғафуров. Аз Арбоб то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия — шаҳраки Ғафуров 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1456 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Арбоб
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ғафуров
Ҷамоат Деҳоти Унҷӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1456 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3442

Таърих

вироиш

Деҳа баъди сохта ба истифода дода шудани маҷмааи «Қасри Арбоб»-и колхози «Москва» (1952—1967, раисаш С. Ӯрунхоҷаев) ин номро гирифта, аввал дар он 7 — 8 оила зиндагӣ мекард, минбаъд васеъ шуд.

Иқтисод

вироиш

Деҳа гимназия, бунгоҳи тиббӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ. Заминҳо аз д. Сир ба воситаи насосҳо (лӯлаҳои обкаш) обёрӣ мешаванд. Дар маҷмааи «Арбоб» Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид (16 — 30 ноябри 1992). Аз соли 2010 он КВД «Кохи фарҳанг» ном гирифта, мансуби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Адабиёт

вироиш