Евгения Аргуновская

(Тағйири масир аз Аргуновская Евгения)

Аргуновская Евгения Василевна (зод. 23 апрел 1926, Тошканд) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974).

Евгения Аргуновская
Таърихи таваллуд: 23 апрел 1926(1926-04-23) (98 сол)
Зодгоҳ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо
IMDb: ID 7479535

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи шӯъбаи актёрии Институти давлатии театрию рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошканд (1950). Дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковскийи ш. Душанбе ба кор оғоз намуда, беш аз сию панҷ сол дар саҳнаи он ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1990 ба Россия ҳиҷрат намудааст. Евгения Аргуновская дар офаридани ролҳои драмавӣ маҳорати баланд дошт, ҷиҳатҳои психологӣ ва эмотсионалии образҳоро бо назокати хос таҷассум менамуд, бештар ба ҷиҳатҳои рӯҳии қаҳрамонон диққат дода, ботинашонро ҳаққонию боварибахш мекушод.

Беҳтарин ролҳои офаридаи Евгения Аргуновская: Бибизайнаб («Достони Бибизайнаб»-и С. Саидмуродов), Зулфия («Фоҷиаи Усмонов»-и М. Миршакар), Вера («Одамони пурғайрат»-и В. Шукшин), Дорина («Тартюф»-и Ж. Молер), Розия («Арӯси нохонда»-и И. Исмоилов ва Ю. Нестеренко), Нина («Садоқат»-и Н. Погодин), Варвара («Мерос»-и А. Сафронов), Кабато («Хонума»-и А. Сигарелӣ), Сусанна Мелитовна («Аз се то шаш»-и А. Чхаидзе), Зина («Палата»-и С. Алёшин) ва ғ.

Ордену ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр аст.

Адабиёт

вироиш