Ардабил

(Тағйири масир аз Ардабел)

Ардаби́л (форсӣ: اردبیل‎) — шаҳр дар шимоли Эрон, маркази маъмурии устони Ардабил.

Шаҳр
Ардабел
форсӣ: اردبیل‎, Шаблон:Lang-az3
38°15′ с. ш. 48°18′ в. д.HGЯO
Кишвар Эрон
минтақа Ардабил
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 18,01 км²
Баландии марказ 1 351 м
Минтақаи замонӣ UTC+3:30
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0451
Нишонаи почта 56131–56491
Ардабел дар харитаиБаҳрайнҚатарУммонКувайтТуркияАрманистонОзарбойҷонТуркманистонАфғонистонПокистонИроқАрабистони СаудӣОбъединённые Арабские ЭмиратыКаспийское мореПерсидский заливОрмузский проливОманский заливЮжный ХорасанЙездСистан и БелуджистанКерманХормозганФарсБуширХорасан-РезавиСеверный ХорасанГолестанМазендеранСемнанТегеранАльборзКумЧехармехаль и БахтиарияКохгилуйе и БойерахмедХузестанИламЛурестанЦентральный останИсфаханГилянАрдебильКазвинХамаданКерманшахКурдистанВосточный АзербайджанЗенджанЗападный Азербайджан
Ардабел
дар харитаи
Ардабел
Ардабел
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар 60 км ҷанубтари Баҳри Каспий дар пуштакӯҳи кӯҳҳои Талиш, дар баландии 1500 м дар соҳили дарёи Балигли-чай воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 421 262 (2006) нафар, асосан озарбойҷониҳо.

Таърих

вироиш

Ардабел дар замони Сосониён бунёд ёфта, ибтидои садаи VII аз тарафи арабҳо тасхир гардид. Соли 1220 онро муғулҳо забт ва вайрон карданд. Охири садаи XIII дар Ардабел ҷараёни дарвешӣ – тасаввуфии Сафавия таъсис ёфта, роҳбаронашон минбаъд ҳокимони шаҳру музофот шуданд. Сипас бо мурур Ардабел маҳаки таъсиси давлатдории Сафавиён шуд. Соли 1997 шаҳр аз заминҷунбии шадид хароб гардид.

Кишоварзӣ

вироиш

Ардабел ҳоло яке аз марказҳои намоёни кишоварзӣ мебошад.

Саноат

вироиш

Дар Ардабел саноати коркарди гӯшт, ордкашӣ, қаннодӣ хеле рушд ёфтааст. Ардабел бузургтарин маркази қолинбофӣ, нассоҷӣ ва истеҳсоли масолеҳи чиниворӣ мебошад. Дар ҳаволии Ардабел умдатарин осоишгоҳи балнеологии Эрон ҷойгир аст.

Сарчашма

вироиш



Шаҳрҳои устони Ардабел
Ардабел | Порсобод | Халxол | Кавсар | Гирмӣ | Мишгеншаҳр | Намин