Ардабил
Ардаби́л (форсӣ: اردبیل) — шаҳр дар шимоли Эрон, маркази маъмурии устони Ардабил.
Шаҳр | |
---|---|
форсӣ: اردبیل, Шаблон:Lang-az3 | |
![]() | |
Кишвар | Эрон |
Минтақа | Ардабил |
Координатаҳо | 38°15′ с. ш. 48°18′ в. д.HGЯO |
Вақти минтақавӣ | UTC+3:30 |
Коди телефон | 0451 |
ҶуғрофиёВироиш
Дар 60 км ҷанубтари Баҳри Каспий дар пуштакӯҳи кӯҳҳои Талиш, дар баландии 1500 м дар соҳили дарёи Балигли-чай воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 421 262 (2006) нафар, асосан озарбойҷониҳо.
ТаърихВироиш
Ардабел дар замони Сосониён бунёд ёфта, ибтидои садаи VII аз тарафи арабҳо тасхир гардид. Соли 1220 онро муғулҳо забт ва вайрон карданд. Охири садаи XIII дар Ардабел ҷараёни дарвешӣ – тасаввуфии Сафавия таъсис ёфта, роҳбаронашон минбаъд ҳокимони шаҳру музофот шуданд. Сипас бо мурур Ардабел маҳаки таъсиси давлатдории Сафавиён шуд. Соли 1997 шаҳр аз заминҷунбии шадид хароб гардид.
КишоварзӣВироиш
Ардабел ҳоло яке аз марказҳои намоёни кишоварзӣ мебошад.
СаноатВироиш
Дар Ардабел саноати коркарди гӯшт, ордкашӣ, қаннодӣ хеле рушд ёфтааст. Ардабел бузургтарин маркази қолинбофӣ, нассоҷӣ ва истеҳсоли масолеҳи чиниворӣ мебошад. Дар ҳаволии Ардабел умдатарин осоишгоҳи балнеологии Эрон ҷойгир аст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Ардабел // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Шаҳрҳои устони Ардабел |
---|
Ардабел | Порсобод | Халxол | Кавсар | Гирмӣ | Мишгеншаҳр | Намин |