Арзанхӯрак (лот. Fringilla) — парандаест гунҷишкмонанд.

Арзанхӯрак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Fringilla Linnaeus, 1758

Дар Тоҷикистон 22 намудаш зиндагӣ карда, дар замин ва буттаву дарахтон лона месозад. Арзанхӯраки модина 3 — 7 тухм гузошта, баъди 2 ҳафта чӯҷа мебарорад. Ғизои арзанхӯрак тухми рустаниҳои гуногун, асосан арзан аст. А.-ҳои сурх, барфӣ, ҳимолоӣ, сурхбол ва ғайра дар чарогоҳҳои баландкӯҳ дучор меоянд. Онҳо ҳангоми донхӯрӣ рӯи хӯша нишаста, тухми онро мерезонанд ва ба ҳамин васила ба зиёд шудани алафи чарогоҳ мусоидат мекунанд. Аҳамияти арзанхӯракҳо дар паҳн кардани тухми дарахту бутта низ калон аст. Бисёр арзанхӯракҳо овози форам доранд.

Адабиёт

вироиш