Аритмия (аз юн.-қад. ἀρρυθμία — «бенизомӣ») — номураттаб кашиш хӯрдан (тапидан)-и дил, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани фаъолияти ҷудогонаи он ба амал меояд.

Аритмия
МКБ-10 I4747. — I4949.
МКБ-9 427427
OMIM 115000
DiseasesDB 15206
MedlinePlus 001101
eMedicine / 
MeSH D001145

Одам, одатан, задани дилашро ҳис намекунад, бинобар ин аз суръати он бехабар аст. Аритмияи дил дар номураттабӣ, бозистодан ва таппиши бетартибонаи он зоҳир мегардад. Бисёр шаклҳои аритмияи дил барои кори дил ва ҳаёти одам чандон хатарнок нестанд. Бо вуҷуди ин дар мавриди пайдоиши нишонаҳои аввалини он ба духтур муроҷиат кардан зарур аст, зеро фақат муоинаи тиббӣ бо истифодаи электрокардиография имкон медиҳад, ки беморӣ ташхис шавад. Аритмия зуҳурот ва тарзи пайдоиши мухталиф дорад. Дар ин маврид ҳолати асаб нақши муайян мебозад. Ба ҳама маълум аст, ки асабоният боиси тағйироти муайян дар суръат ва назми кашишхӯрии дил (аз ҷумла дар одамони солим) мешавад. Табиати рефлекторӣ (посухӣ) доштани баъзе шаклҳои аритмия ҳатто дар ашхосе, ки гирифтори ихтилоли кори дил нестанд, исбот шудааст. Аритмия бисёр вақт дар одамоне, ки асабияи марказӣ ва вегетативии онҳо хароб гардидааст, инчунин ҳангоми бемориҳои эндокринӣ рӯй медиҳад. Аммо сабаби асосии аритмия иллати миокард ва системаи интиқолии дил мебошад. Бемориҳои гуногуне, ки ҳамроҳ бо ихтилоли сохти бофтаҳои дил ё равандҳои мубодилаи моддаҳо дар он ба амал меоянд, боиси пайдоиши шаклҳои сифат ва давомоташ гуногуни аритмия мегарданд. Аритмияи синусӣ номураттабии кашишхӯрии дил аст, ки ба тағйирёбии фаъолияти гиреҳи синоаурикулярӣ вобаста буда, аҳёнан ҳангоми бемориҳои дил дучор мешавад. Тезшавӣ (тахикардияи синусӣ) ва камшавии назми мӯътадил (брадикардияи синусӣ)-ро дар одамони комилан солим низ дар тӯли солҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ногаҳон зуд-зуд тапидани дил (баъзан дар 1 дақиқа то 200 зарба ва зиёда аз он)-ро хурӯҷи тахикардия меноманд. Аксаран бемороне, ки ба ин гуна хурӯҷи аритмия мубталоянд, ягон иллати дил надоранд. Муқаррар шудааст, ки пайдоиши чунин хурӯҷҳо ба аномалия (берабтӣ)-и модарзодӣ вобаста аст. Аритмия баъзан тағйири табиии фаъолияти дил буда, ҷавобан ба таъсири омилҳои мухталиф (мас., ҳангоми варзиш, давидан, иҷрои кори вазнини ҷисмонӣ ва ғ.) ба амал меояд. Аритмияро бо усули электрокардиография аниқ мекунанд.

Адабиёт

вироиш