Арнавоз — яке аз персонажҳои ривояту достонҳои бостонии мардуми ориёӣ, инчунин «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Арнавоз
Ҳамсар Заҳҳок ва Фаридун
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Номаш дар Авесто (бахши «Яштҳо») ба шакли Аренавак ҳамроҳи хоҳараш Шаҳрноз (дар Авесто Сангҳвак) вомехӯрад. Онҳо занони Ажи-Даҳака (Заҳҳок) мебошанд. Траетаони (Фаридун) ба эзидон қурбониҳо оварда, хостор мешавад, ки ин ду зани зеботарини рӯи ҷаҳонро ба даст оварад ва дар охир ба мақсадаш мерасад. Дар осори паҳлавӣ (тафсиру тарҷумаи Авесто ба забони паҳлавӣ, «Бундаҳиш» ва ғ.) Арнавоз ва Шаҳрноз хоҳарони Ҷамшед мебошанд, ки Заҳҳок пас аз шикаст додани Ҷамшед онҳоро ба занӣ мегирад. Мувофиқи маълумоти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Арнавоз ва Шаҳрноз хоҳарон (дар баъзе нусхаҳо духтарон)-и Ҷамшеданд ва пас аз пирӯзии Заҳҳок ба ӯ супурда шуданд. Фаридун Арнавоз ва Шаҳрнозро аз чанги Заҳҳок раҳонида ба занӣ гирифт. Аз Арнавоз Эраҷ ба дунё омад.

Адабиёт

вироиш
  • Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷ. 1, Д., 2007